РОҲАТИ ҶОН АСТ ТОҶИК

Некрӯю некному некунвон аст тоҷик,
Хушдилу софу самимию сухандон аст тоҷик,
Як чаман себаргаву як пора имон аст тоҷик,
Нусхаи асли фазилатҳои инсон аст тоҷик,
Меҳрубону қадрдону роҳати ҷон аст тоҷик.
Хандаҳои кӯдакони пахтасебаш нур дорад,
Дар нигоҳи дилбарони дилфиребаш нур дорад,
Дар ҷабини мӯсафедони базебаш нур дорад,
Осмону офтобу моҳи тобон аст тоҷик,
Меҳрубону қадрдону роҳати ҷон аст тоҷик.
Аз табори растагору аз нажоди арҷманд аст,
Хиттаи нангаш бузургу хатти номусаш баланд аст,
Дар вуҷудаш кони панду дар забонаш кони қанд аст,
Ҳикмату андешаву фарҳангу ирфон аст тоҷик,
Меҳрубону қадрдону роҳати ҷон аст тоҷик.
Пораи ноне агар рӯи замин бинад, бичинад,
Аз тараҳҳум об гардад гар ғариберо бубинад,
Дар бари ҳамсояи бемор чун модар нишинад,
Беҳтарин тафсири маънии мусулмон аст тоҷик.
Меҳрубону қадрдону роҳати ҷон аст тоҷик.
Некрӯю некному некунвон аст тоҷик,
Нусхаи асли фазилатҳои инсон аст тоҷик,
ҳикмату андешаву фарҳангу ирфон аст тоҷик,
«Нури дида тоҷи сар», мафтуни меҳмон аст тоҷик.
Меҳрубону қадрдону роҳати ҷон аст тоҷик.

 218 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 211 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.