Маркази забономӯзӣ

Маркази омӯзишии забонҳои хориҷӣ ва омодагӣ барои дохилшавӣ ба муассисаҳои олии Раҳнамо бо мақсади омӯзиши забони хориҷӣ ва баланд бардоштани сатҳи забондонии шаҳрвандон, омода кардани хонандагон ва шаҳрвандон барои дохилшавӣ ба муассисаҳои олӣ таъсис дода мешавад.

Вазифаҳои асосии Марказ аз инҷо иборат аст:

– ба амал баровардани манфиатҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрвандон;

– мусоидат намудан ба шаҳрвандон барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ;

– омода намудани хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва шаҳрвандон барои дохилшавӣ ба муассисаҳои олӣ;

– кори интихоби касб, баланд бардоштани сатҳи дониш ва ихтисос;

– дар амал ҷорӣ намудани омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омӯзиши фанҳои табиӣ-дақиқ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ;

– таъмини тарбияи ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, дӯст доштани Ватан, эҳтироми муқаддасоти миллӣ, аз қабили парчам, нишон ва суруди миллӣ, ҳимояи Ватан дар шуури ҷавонон.

 267 – Мақоларо хонданд,  2 – Имрӯз хонданд

Total Views: 250 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.