РОҲЕ БА СӮИ ТАФАККУРИ ДАВЛАТӢ

Бо салому эҳтиром,

Маводе аз бахши поёнии китоби банда “Муқаддимае бар тафаккури давлатӣ” (Душанбе, 2013) дар сомонаи “Ахбор барои афкор” нашр шудааст, ки онро аз он ҷо барои мутолиаи ороми рӯзи якшанбе пешкаши дӯстон менамоям. Зеро ин андешаву пешниҳодҳои усулӣ барои имрӯзи ҷомеаи мо низ холӣ аз аҳаммият намебошанд. Албатта, дар матни китоб моҳияту аҳаммият ва хусусиёту заруриёти тафаккури давлатӣ, яъне боло шудан аз сатҳи манфиати шахсию гурӯҳию маҳаллӣ ва андешидан дар сатҳи давлатдорӣ, ба таври муфассал шарҳ шудааст ва ин бахш танҳо пешниҳодҳои поёнии он аст.

Бинобар рабт надоштани баъзе шарҳу вокунишҳои аввалия ба мавзӯи ин навишта, таъкид мешавад, ки мавзӯи он на пешниҳоди барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ба таври умум, балки ироаи андешаву қадамҳое барои комёбӣ дар масъалаи мушаххаси давлатдории мо, яъне ТАШАККУЛИ ТАФАККУРИ ДАВЛАТӢ мебошад. Аз ин рӯ, ба ҳама гуна назари дӯстон ДАР ДОИРАИ ҲАМИН МАВЗУИ МУШАХХАС эҳтироми баланд мегузорам.

Зимнан, унвонгузории барҷастаи пешниҳодҳо аз ҷониби сомонаи мазкур анҷом шудааст, ки боиси осонхон ва ҷолибтар гаштани ин маводи яклухти китобӣ гардидааст.

******

11 ПЕШНИҲОДИ ОВЕЗОНИ АБДУЛЛОҲИ РАҲНАМО

БАРОИ ТАШАККУЛИ ТАФАККУРИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Чун, бинобар силсилаи омилҳои таърихию сиёсӣ, дар ҷомеаи мо ҳанӯз тафаккури давлатӣ ва дидгоҳи давлатмеҳвар ташаккул наёфтааст, ин ҳолат масъулияти давлатро дар парвариш ва шаклдодани он дучандон месозад. Яъне, давлат бояд ин холигии таърихиро ҷуброн карда, ба таври ҳадафманд шаклгирии тафаккури давлатӣ ва мактаби давлатдории миллиро барномарезӣ ва заминасозӣ намояд.

Дар шароити имрӯза барои ҳаракати босуръат дар ин самт дар марҳилаи аввал гузоштани қадамҳои зерин мувофиқи мақсад мебошад:

Якум. МУДИРИЯТИ СИЁСӢ ВА ИДЕОЛОГӢ БОЯД ТАХАССУСӢ БОШАД!

Беҳтар аст, ки дар доираи як барномаи махсуси давлатӣ тамоми тадбирҳо барои омӯзиши касбӣ ва амиқи илмҳои ҷамъиятӣ, хусусан, сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ ба роҳ монда шаванд. Дар натиҷа, бояд насли сиёсатшиносон ва ҷомеашиносони касбие тарбият ёбанд, ки салоҳияти мудирияти касбии ҷомеаи муосир ва давлати асри навро дошта бошанд. Онҳо бояд дар заминаи арзишҳои асили миллӣ ва дар сатҳи донишҳои навини ҷаҳонии сиёсатшиносӣ тарбият шаванд, ки ҳам решаҳои устувор дошта бошанд ва ҳам баробари замони худ биандешанд. Барои ин зарур аст, ки ҷиддият, равиши таълим, рӯҳияи арзишӣ ва сифати фарогирии фанҳои ҷамъиятӣ дар тамоми низоми таълимӣ ба таври ҷиддӣ такмил ёбанд.

Табиист, ки дар ҳамаи кишварҳо мансаби мақомоти аввали давлатӣ хусусияти сиёсӣ дошта, нисбати онҳо талаботи сирфан тахассусӣ пешбинӣ намешавад ва дар аксари низомҳои интихобӣ роҳбари давлат метавонад аз миёни намояндагони ихтисос ва гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа интихоб шавад. Барои шахси аввал, ки мақоми рамзии сиёсист, муҳимм ин аст, ки шахсияти пайвандгар, мудири босалоҳият ва ифодагари манфиати ом бошад. Аммо дар бораи командаи кории сиёсатгузории сатҳи олӣ, миёна ва поён талаботи ихтисосӣ ё таҷрибии сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ бисёр зарур аст, зеро маҳз салоҳияти тахсссусии онҳо сарнавишти давлатро муайян мекунад. Ин аст, ки тарбияти насли мудирони сиёсӣ, политтехнолог, ҷомеадорон ва сиёсатшиносони касбӣ як зарурати давлатист.

Таҷрибаи бистсолаи давлатдории муосири тоҷикон низ нишон дод, ки дар мақомҳои калидии сиёсатсозӣ ва идеологӣ қарор гирифтани шахсони дорои донишу ҷаҳонбинии дур аз сиёсату сиёсатшиносии касбӣ натиҷаи мусбат надодааст. Зеро, ҳамон гуна, ки соҳаи тандурустиро бояд ҳатман табиби касбӣ идора кунад, на устоди забону адабиёт ва ё доктори фалсафа, соҳаи сиёсатро низ бояд сиёсатшинос ё ҷомеашиноси касбӣ ва ё мудири ботаҷрибаи сиёсӣ мудирият намояд. Аз ин рӯ, дар ихтиёри «аҳли фарҳангу адаб» боқӣ мондани чунин соҳаи бисёр тахассусии сиёсӣ, бо вуҷуди шахсиятҳои дилсӯзу шариф будани онҳо, ҳаргиз ба салоҳи давлатдорӣ намебошад. Пас, тахассусӣ ва касбӣ шудани мудирияти сиёсӣ ва идеологии ҷомеа қадами аввалин ба сӯи ташаккули тафаккури давлатӣ хоҳад буд.

Дуюм. ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ БОЯД ДОРОИ ДИДГОҲИ ДАВЛАТМЕҲВАР БОШАД!

Ҳамчун қадами нисбатан фаврӣ ва кӯтоҳмуддат, зарур аст, ки бо Фармони махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хидматчиёни давлатии тамоми сатҳҳо, хусусан, дар бахшҳои сиёсӣ, идеологӣ, қудратӣ ва идоракунии давлатӣ аз курсҳои ҷиддии дониши сиёсӣ ва тафаккури давлатӣ гузаронида шаванд. Барномаи чунин курсҳо метавонад бо талоши якҷояи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, Раёсати хидмати давлатии назди Президенти ҶТ ва Донишкадаи такмили ихтисоси хидматчиёни давлатӣ ва ҷалби мутахассисони ин масъала танзим шуда, давра ба давра ба хидматчиёни давлатӣ таълим гардад.

Илова бар ин, беҳтар аст, ки дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хидматчиёни давлатӣ Академияи хидмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гашта, ҳадафи аслии он ҳам боло бурдани маҳорати амалию тахассусӣ ва ҳам ташаккули тафаккури давлатӣ миёни хидматчиёни давлатӣ бошад. Дар оянда бояд барои ишғоли мансабҳои миёна ва болои давлатӣ гузаштани воқеии довталабон аз таҳсилот ва давраҳои Академияи хидмати давлатӣ ҳатмӣ гардонида шавад.

Сеюм. БАРОИ КОНСЕПСИЯИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИ НАМУНА ҲАСТ!

Зарур аст, ки бо ҷалби мутахассисони касбии сиёсатгузорӣ ва шахсиятҳои мутафаккири миллӣ Консепсияи давлатдории миллии тоҷикон таҳия шуда, омӯзиши амиқ ва фарогирии он аз тарафи тамоми хидматчиёни давлатӣ таъмин гардад. Дар ин Консепсия бояд масъалаҳои калидие чун моҳият ва аҳаммияти давлатдории миллӣ барои тоҷикон, манфиатҳои миллӣ ва манфиатҳои усулии давлатдорӣ, ҳадафҳои наздику дури давлатдории мо дар дохил ва хориҷ, моҳияти тафаккури давлатӣ, маҷмуаи принсипҳо ва арзишҳои меҳварии давлатдории миллии тоҷикон, масъулияти ҳар хидматчии давлатӣ дар баробари ҳифзи давлат, зарурати чун давлат нигаристан ба масъалаҳои ҷамъиятӣ, вазифаҳои давлат дар баробари шаҳрвандон, меъёрҳои ахлоқӣ ва масъулияти виҷдонию арзишии хизматчии давлатӣ ҳангоми иҷрои вазифа, аз манфиатҳои шахсию гурӯҳию ҳизбӣ болотар гузоштани манфиатҳои давлатӣ ва ғайра ба таври дақиқ шарҳ ва ифода шуда бошанд. Бахше аз ин консепсия бояд хусусияти комилан махфӣ дошта, хидматчии давлатии сатҳи боло ҳангоми ба вазифаи масъули давлатӣ қабул шуданаш бо гирифтани имзо ва тааҳҳуднома аз тарафи шӯъбаҳои корҳои махсус бо мазмуни он шинос карда шавад.

Барои рӯшантар гаштани ин пешниҳод, метавон ба таҷрибаи миллатҳои яҳудӣ ва арманӣ муроҷиат намуд. Ин ду миллат, бо вуҷуди парокандагии физикӣ ва сарнавишти бисёр мураккаби таърихӣ, масъалаи доштани давлатро ҳамчун арзиши меҳварӣ дар зеҳни наслҳои худ ташаккул додаанд ва тавонистаанд, ки дар низоми арзишҳои ҳар узви миллат масъалаи ҳифзу бақои давлати миллии худро ба «арзиши аввал» табдил диҳанд. Ин тафаккури давлатӣ то ҳадде қавӣ шудааст, ки ҳатто яҳудиён ва арманиҳое, ки дар хориҷ аз ҳудуди давлати миллии худ зиндагӣ мекунанд, худро дар баробари ҳифзу тақвияти давлати миллиашон масъул дониста, бахше аз имкониятҳои худро барои ҳифзу рушди давлаташон равона мекунанд. Шароит ва вазъияти мо низ талаб мекунад, ки бо як ҷуръати комил ва бо сармоягузории ҷиддии давлатӣ таҷрибаи ин миллатҳо ва миллатҳои дигарро дар ин самт ба таври амиқ омӯзем ва нуктаҳои мусбати онро дар ташаккули тафаккури давлатии худ истифода намоем. Ин масъала метавонад яке аз самтҳои асосии фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи хизмати давлатӣ дар солҳои оянда бошад.

Чорум. МО НАБОЯД БА ИДЕОЛОГИЯИ МАҶБУРКУНИИ ДАВЛАТӢ БАРГАРДЕМ!

Мувофиқи мақсад аст, ки барномаи дар меҳвари як андешаи солим, рӯшан ва мушаххас муттаҳид намудани ҷомеа ҷиддӣ гирифта шавад. Мо набояд дубора ба асри идеологияии маҷбуркунандаи давлатӣ баргардем, балки беҳтар аст, то идея ё ғояи мушаххаси миллие дошта бошем, ки фаҳми он, ҳифзи он ва талош ба сӯи он моро муттаҳид намояд. Дар ин марҳила ҳам барои таъмини сарҷамъии мардум ва ҳам барои ташаккули тафаккури давлатӣ муттаҳидсозии ҷомеа дар атрофи ғояи «Зиндагии шоиста дар Тоҷикистони соҳибихтиёр» муносибтар аст.

Ин ғоя чанд хусусият ва бартарии амалӣ дорад. Якум, он ҳамзамон ҳам манфиати давлат ва ҳам манфиати шаҳрвандро ифода мекунад. Дуюм, он хусусияти сирф идеологӣ надошта, тарзи махсуси тафаккури ақидатӣ ва ё тарзи махсуси зинадгиро барои ҳамагон таҳмил намекунад. Сеюм, он хусусияти истиснокунандаи қавмию этникӣ надошта, намояндагони тамоми халқу миллатҳои сокини кишварро муттаҳид намуда метавонад. Чорум, он таълимоти мураккаб набуда, як андешаи мушаххас ва барои ҳамагон қобили фаҳм аст. Панҷум, он аз назари манфиатҳои миллӣ ва давлатии мо низ «зарурати рақами аввал» аст. Дар зеҳни насли калону ҷавон ҷой шудани ин ғоя ва дар атрофи он муттаҳид шудани ҷомеа роҳро барои ташаккули тафаккури давлатӣ ҳамвортар месозад.

Панҷум. ШИОРҲОЕ ЧУН “БИГЗОР ГАДО БОШАМ…” НАҚШИ ХУДРО ИҶРО КАРДААНД. АКНУН БА ШИОРҲОИ ҚАФОКАШУ ТАСКИНДИҲАНДА НИЁЗ НАДОРЕМ!

Зарурати дигари мо барои боз шудани роҳи шаклгирии тафаккури давлатӣ ва диди давлатмеҳвар, тағйири усулҳо ва равишҳои сиёсати арзишӣ ва идеологӣ мебошад. Зери мафҳуми идеология ин ҷо низ на мактаби маҷбургари давлатӣ, балки низоми арзишҳои умумии ташвиқкунанда ва тарбияткунанда дар назар мебошад, ки давлат онҳоро дастгирӣ менамояд. Дар ин самт, пеш аз ҳама, бояд шиорҳо ва арзишҳои идеологии мо на рӯи мардуми камтаҳсил, балки рӯи қишри миёна ва соҳибмаълумоти ҷомеа ҳисоб шуда бошанд. Сониян, шиорҳо набояд қафокаш ва таскиндиҳанда (афюнӣ), балки созанда, ҳаракатбахш ва нирӯдиҳанда бошанд. Масалан, шиорҳое чун «Бигзор гадо бошам, дар хоки Ватан бошам», «Ба ҳамаи бешу кам шукрона бояд кард» ва ғайра, ки дар ҳақиқат дар як марҳила нақши ҷиддӣ ифо карданд, дар оянда нақши заруриро бозида наметавонанд. Зеро шиорҳое чун мисоли дуюму сеюм, дар инсон нирӯи талош ва эҷод ва созандагиро заиф месозанд.

Хулоса, шиорҳои идеологии мо бояд пеш аз ҳама, мафҳумҳои «сазоворем», «ҳақ дорем», «иззат дорем», «месозем», «обод мекунем», «метавонем», «соҳибватанем» ва ғайраро ифода карда, инсонро ба сӯи воқеъбинӣ, ҳаракат, ғайрат, иззату эътибор ва созандагӣ ҳидоят намоянд. Ҳар шаҳрванд бояд донад ва амалан эҳсос намояд, ки ватан ҷойихорӣ ва беҳуқуқии ӯ нест ва давлати ӯ ҳаргиз намегузорад, ки ӯ дар ватани худ «гадо» шавад; балки ӯ эҳсос намояд, ки ватан ҷои эҳтироми ӯ, ҷои таъмини ҳуқуқҳои ӯ, ҷои эътирофу арҷгузории шахсияти инсонии ӯ ва ҷои зиндагии осудаву фаровони ӯст. Ҳар шаҳрванд бояд эҳсос намояд, ки дар ҳеҷ ҷои дигар ӯро ба мисли ватан ҳимоят ва эҳтиром намекунанд ва эҳсос намояд, ки фарқи ватан аз ҷойҳои дигар, пеш аз ҳама, дар ҳамин аст. Маҳз дар ҳамин ҳолат вуҷуди ӯ саршор аз муҳаббати ватан ва лабрез аз эҳтирому ифтихори давлату кишвари худ мешавад. Дар ғайри ин сурат, шиорҳои ватандӯстӣ дар амал кор нахоҳанд кард. Маҳз дар ҳолати иззатбахш ва созанда шудани идеологияи сиёсӣ фазои идеологии ҷомеа созанда гашта, шаҳрванд бо ватан ва давлат пайванди отифӣ, равонӣ ва иҷтимоии амиқтар меёбад ва роҳи ҷомеаи мо ба сӯи ташаккули тафаккури давлатӣ ҳамвортар мегардад.

Шашум. ФАЗОИ МАҶОЗИРО БОЯД ҚАВӢ КАРД, БАРОИ ТОҶИКОНИ ӮЗБЕКИСТОН СОМОНАҲОИ ЛОТИНӢ ВА БАРОИ ФОРСИЗАБОНҲО СОМОНАҲО БО АЛИФБОИ ФОРСӢ ТАШКИЛ НАМУД!

Бо назардошти хусусиятҳои раванди ҷаҳонишавӣ ва асри иттилоотӣ, қадами дигаре, ки метавонист дар ташаккул ва ҳифзи тафаккури давлатӣ миёни тоҷикони дохил ва хориҷи кишвар мусоидати ҷиддӣ намояд, ташкили «фазои маҷозии тоҷикӣ» ё «Тоҷикистони глобалӣ» мебошад. Яъне, зарур аст, то шабакаи васеи саҳифаю сомонаҳои интернетии таҳлилию иттилоотӣ, маҳфилҳои гуфтугӯ, сомонаҳои фарҳангию маърифатӣ ва шабакаҳои моҳвораӣ ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шаванд, ки тоҷикони саросари олам новобаста аз макони будашон ба он ворид гашта, дар фазои ягонаи вертуалии тоҷикӣ «зиндагӣ кунанд.»

Имтиёзи дигари фазои маҷозии тоҷикӣ дар он аст, ки тоҷикони бурунмарзӣ метавонанд ҳатто новобаста аз мухолифати ҳукуматҳояшон, бо фазои умумии фарҳангӣ ва сиёсии Тоҷикистон пайваст бошанд. Барои натиҷаи беҳтар додани чунин сиёсат метавон барои тоҷикони сокини Ӯзбекистон, ҳатто бо алифбои лотинӣ ва барои тоҷикони Афғонистон ва форсизабонони ҷаҳон бо алифбои форсӣ сомонаҳои тоҷикиро роҳандозӣ намуд.

Илова бар ин, фазои маҷозӣ метавонад дар ҳифзи пайванди муҳоҷирони тоҷик бо ватан ва давлати Тоҷикистон саҳми ҷиддӣ гузорад. Масъала дар он аст, ки насли имрӯзаи муҳоҷирони тоҷикро ёди ватан ва робитаҳои зиндаи авлодию хешутаборӣ ҳанӯз бо Тоҷикистон мепайвандад, вале фарзандони онҳо дар фазои дигари маънавию сиёсӣ ба воя расида, ба тадриҷ аз Тоҷикистон ва арзишҳои тоҷикӣ бегона мегарданд. Агар шабакаҳо ва сомонаҳои муосиру ҷалбкунандаи тоҷикӣ (фарҳангӣ, мусиқӣ, маънавӣ, таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, тафреҳӣ ва ғ.) фаъол ва дастрас бошанд, пайванди наслҳои ин муҳоҷирон бо Тоҷикистон то ҳадде зинда нигоҳ дошта мешавад.

Яъне, ин сомонаву ва шабакаҳо Тоҷикистонро аз мафҳуми ҷуғрофӣ бароварда, «фазои маҷозии тоҷикӣ»-ро дар тамоми ҷаҳон барои тоҷикон дастрас мегардонанд ва боиси ҳифзи ягонагӣ ва пайвандҳои миллии тоҷикон дар сатҳи ҷаҳон мегарданд. Бо амиқтар гаштани равандҳои ҷаҳонишавӣ ин омил дар оянда барои давлатдории миллии мо аҳаммияти ҷиддитар пайдо мекунад.

Ҳафтум. СИЁСАТИ КАДРИИ ШОИСТАСОЛОРӢ ВА ИСТЕЪДОДМЕҲВАРӢ ЗАРУР. АММО НАБОЯД БА ТАРИҚИ КВОТА БА МИНТАҚАҲО

Барои ташаккули тафаккури давлатӣ зарур аст, ки сиёсати кадрии давлат пурра такмил ёфта, ба асли шоистасолорӣ, истеъдодмеҳварӣ ва фарогирӣ гузарад. Шоистасолорӣ ва истеъдодмеҳварӣ ба маънои маҳз аз рӯи шоистагӣ ва истеъдод ба кор ҷалб шудани хидматчиёни давлатӣ ва фарогирӣ ба маънои ба раванди идоракунии давлатӣ ҷалб шудани намояндагони тамоми минтақаҳои кишвар мебошад. Албатта, намояндагони минтақаҳои кишвар набояд ба таври квота ва ё ба таври сунъӣ ҷалб шаванд, зеро ин кор тафаккури маҳалгароиро тақвият мебахшад, балки худи таъмин шудани асли шоистасолорӣ ва истеъдодмеҳварӣ асли фарогириро низ таъмин менамояд. Фақат истисно накардани касе ё минтақае кофист, ки истеъдод дар низоми умумӣ ҷойгоҳи худро пайдо кунад. Маҳз бо чунин роҳ «давлати ҳамагонӣ» ва «ҳукумати умумимиллӣ» ташаккул ёфта, ба ин ё он минтақа ё гурӯҳ нисбат додани он номумкин мешавад.

Рӯ овардан ба усули шоистасолорӣ, истеъдодмеҳварӣ ва фарогирӣ дар сиёсати кадрҳо як зарурати ҳаётии миллӣ ва давлатӣ буда, таъхир дар он боиси аз назари равонӣ аз ҳам бегона шудани минтақаҳои кишвар ва заифтар гаштани пайвандҳои умумимиллӣ мегардад. Хатари ин вазъият барои давлатдориро фақат фарде дарк мекунад, ки ба масъала аз нигоҳи умумимиллӣ, манфиати давлатдорӣ ва диди давлатмеҳвар нигоҳ кунад. Аммо шахси дорои тафаккури маҳаллӣ зикри ин масъаларо ҳамчун танқиди гурӯҳи худ ё минтақаи худ мефаҳмад. Хулоса, ислоҳи ин вазъияти барои амнияти миллӣ хатарбор қадами муҳимме ба сӯи ташаккули тафаккури давлатӣ хоҳад буд.

Ҳаштум. БА СИФАТИ КАНАЛИ РОБИТА БО ДАВЛАТ ШӮРОИ МАШВАРАТИИ ДАВЛАТӢ ЗАРУР!

Барои ба вуҷуд овардани ҳисси бештари пайванди давлат бо мардум ва каналҳои мустақими робитаи давлат ва мардум, мувофиқи мақсад аст, ки дар ин самт ниҳодҳои махсуси ҷамъяиятию сиёсӣ таъсис дода шаванд. Хусусан, дар ҳолати ҳанӯз назари ҳамаи қишрҳои ҷомеаро пурра инъикос накардани парлумони кишвар, фаъолияти чунин ниҳодҳои «мӯътадилкунанда» бисёр зарур аст.

Дар солҳои гузашта бо ин мақсад ташкилотҳое чун Шӯрои ҷамъиятӣ ва Ҳаракати ваҳдат ва эҳёи миллии Тоҷикистон таъсис гашта буданд. Ин ниҳодҳо дар як давра барои нашри андешаи ваҳдати миллӣ дар ҷомеа саҳми худро гузоштанд. Вале дар дарозмуддат онҳо хусусияти идеологӣ ва якҷониба гирифта, моҳияти аввалияи пайвандгарашон коҳиш ёфт.

Дар чунин шароит бевосита дар назди Президенти кишвар таъсис гаштани Шӯрои машваратии давлатӣ аз фоида холӣ намебуд. Ин ниҳод бояд ҳадди ақалл 30 нафар аз шахсиятҳои воқеан бонуфӯзи сиёсӣ, фарҳангӣ, илмӣ, иқтисодӣ ва мардумии кишварро ҷамъ оварда, соле 4 маротиба бо иштироки бевоситаи Президенти ҶТ ва аъзои Ҳукумати ҶТ машварати муфассал орояд. Ин Шӯро аз назари салоҳият метавонад як мақоми машваратӣ ва масъалагузор буда, нишастҳои он бо иштироки Президенти кишвар ақаллан як рӯзи комил (аз субҳ то бегоҳ бо танаффусҳо) ё бештар аз ин дар шакли пӯшида идома ёбад ва масъалаҳои асосии ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишварро аз нигоҳи манфиатҳои давлатӣ баррасӣ намояд. Сипас, дар асоси андешаҳо ва пешниҳодҳои ҳосилшуда мешавад, ки амру фармонҳои зарурии Президенти кишвар ба ниҳодҳо ва соҳаҳои дахлдор содир шаванд.

Илова бар нақши амалӣ (масъалагузорӣ ва машварат), ин Шӯро метавонад нақши муҳимми мӯътадилсозии вазъият ва тақвияти ваҳдатро дошта бошад. Ва ниҳоят, Шӯрои машваратии давлатӣ ҳамчун анҷумани «пирони давлат» маҳз нигоҳбони манфиатҳои давлатӣ ва самтдиҳандаи тафаккури давлатӣ хоҳад буд. Он бояд заминаро фароҳам созад, ки давлат ба ҷомеа маҳз чун давлат нигарад.

Барои мисол имрӯз дар Қазоқистон Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон ва дар Русия Шӯрои Давлатии Русия чунин нақши мӯътадилкунанда ва пайвандгарро доранд, ки метавон таҷрибаи кори онҳоро низ мавриди омӯзиш қарор дод.

Нуҳум. “МО ТОҶИКИСТОНИЕМ”. ИДЕОЛОГИЯ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА ВА ВАҲДАТИ ФАРОГИР

Зарурати дигар дар ин самт такмили сиёсати миллӣ ва этникӣ дар кишвар аст. Тоҷикистон давлати миллии тоҷикон аст ва бо вуҷуди то имрӯз ҳам мақом ва таърифи ҳуқуқӣ наёфтани ин мафҳум, он воқеияти таърихӣ ва сиёсии давлатдории моро ифода мекунад. Вале дар айни замон, воқеияти сатҳи дуюми кишвари мо мавҷудияти халқу миллиятҳои гуногун дар таркиби аҳолӣ мебошад, ки он сиёсати махсуси миллиро талаб мекунад. Моҳияти асосии чунин сиёсат бояд дар он бошад, ки он пеш аз ҳама, манфиатҳои усулии давлатдории миллии тоҷиконро таъмин намуда, дар айни замон, миллиятҳои дигари сокини кишварро дар доираи равнадҳои ҷамъиятӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ ба таври фаъол нигоҳ дорад. Зеро камтаваҷҷуҳӣ ба масъалаҳои миллатҳои дигар боис мегардад, ки онҳо ба тадриҷ аз раванди сиёсии умумимиллӣ бегона шуда, муҳити онҳо ба ҳавзаҳои сарбаста ва ҳошиявии сиёсӣ табдил шавад. Дар чунин сурат, дар даруни ин ҳавзаҳо равандҳои мустақили сиёсӣ ва равонӣ оғоз мешаванд, ки он метавонад аз дохил ва ё аз хориҷи кишвар сарашма гирад ва ё идора шавад. Пеш омадани чунин вазъият метавонад ақаллиятҳои миллии ёдинии кишварро ба омили манфӣ дар раванди ваҳдат ва давлатсозии миллӣ табдил намояд, ки чунин ҳолат пеш аз ҳама, ба зарари манфиатҳои давлатдории миллӣ мебошад.

Ба ибораи дигар, дар фазои иттилоотӣ ва дар раванди ҷамъиятӣ фаъол нигоҳ доштани ақаллиятҳои миллии кишвар на танҳо ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро таъмин менамояд, балки манфиатҳои давлати миллии тоҷикон низ маҳз дар ҳамин аст, ки онҳо ба ҳавзаҳои ҳошиявӣ ва сарбастаи сиёсӣ табдил нашаванд ва аз раванди умумӣ берун намонанд. Пас, муттаҳидсозии ҳамаи тоҷикистониён дар атрофи ғояи «Зиндагии шоиста дар Тоҷикистони соҳибихтиёр» дар он аст, ки он ҳамзамон, ҳам манфиатҳои миллати соҳибдавлати тоҷик ва ҳам манфиатҳои миллатҳои дигари сокини кишварро таъмин менамояд.

Ба роҳ гузоштани чунин сиёсати миллӣ маҳз дар сурати мавҷудияти тафаккури давлатӣ имконпазир мебошад, вагарна ҷойи онро миллигароии соддалавҳона гирифта, бо хаёли ҳифзу бартариятбахшии муваққатии арзишҳои сирфан фарҳангии миллӣ, манфиатҳои калони таърихию сиёсии миллат ва давлатдориро бо хатар рӯбарӯ менамояд. Чунин зарофатҳои давлатдорӣ бори дигар то чӣ андоза зарур будани тафаккури давлатӣ ва дидгоҳи давлатмеҳваррро собит менамоянд.

Даҳум. ХИРАДИ МИЛЛИРО БОЯД ЗАХИРА КАРД!

Қадами ҷиддии дигаре, ки дар самти роҳёбӣ ба тафаккури давлатӣ зарур аст, анбоштани огоҳона ё захирасозии хиради миллӣ ва нирӯи зеҳнӣ ё интеллектуалии миллат мебошад. Ин қадам ба он маъност, ки давлат бояд барномаи бисёр васеи ҳифз, дастгирӣ ва истифодаи истеъдодҳо ва шахсиятҳои миллӣ ва таҷрибаҳои миллиро таҳия ва амалӣ созад. Мувофиқи он, бояд ҳар фарди дорои истеъдод, маҳорат, тафаккур ва таҷрибаи арзишманд мавриди кашф, баҳисобгирӣ, ғамхорӣ, истифода ва эҳтироми давлатӣ қарор гирад. Дар ин самт бояд ба ҳар таҷриба ва истеъдод, новобаста аз соҳаи он, ҳамчун ба як сарвати миллӣ нигоҳ карда шавад.

Аҳаммияти якуми ин иқдом дар он аст, ки захираи умумимиллии истеъдоду таҷрибаҳо пароканда нашуда, барои рушду тақвияти давлат истифода мешаванд. Мувофиқи ҳисобҳои тахминӣ, имрӯз давлати мо шояд камтар аз 30% аз истеъдодҳо ва таҷрибаҳои мавҷудаи ҷомеаро мустақиман истифода менамояд ва беш аз 70% он аз истифодаи муфиди ҷамъиятӣ ва давлатӣ берун мемонанд.

Аҳаммияти дуюми ин иқдом дар он аст, ки истеъдодҳо, шахсиятҳо ва таҷрибаҳои арзишманд маъмӯлан миёни ҷомеа таъсири ҷидӣ доранд ва дар сурати дар ҳолати «оштӣ бо давлат» қарор доштани қисми бештари онҳо, мизони маҳбубияти давлат васеътар мегардад. Ба чунин доира метавон ҳам шахсиятҳои намоёни сиёсию ҷамъиятӣ, ҳам чеҳраҳои шинохтаи илмию эҷодӣ, ҳам устодону ситораҳои фарҳангу ҳунар, ҳам чеҳраҳои шинохтаи соҳибкориву иқтисод ва ҳам ситораҳои варзишро дохил намуд. Мувофиқи мақсад мебуд, ки бо ташкили захираи тиллоии миллат, ҳамаи онҳо ба ҳисоб гирифта шуда, мавриди эҳтиром, қадрдонӣ ва ҳифзи давлатӣ қарор гиранд.

Аҳаммияти сеюми ин иқдом дар он аст, ки таҷриба ва истеъдоди ин шахсиятҳо ба насли баъдӣ интиқол ёфта, анъанаҳои миллию суннатҳои давлатдорӣ захира мешаванд. Ин масъала хусусан, ба таҷрибадорони соҳаҳои сиёсию давлатӣ дахл дорад, ки бояд аксари онҳо баъди бознишастагӣ ба марказҳои фикрию таҳлилии кишвар ҷалб шуда, бо таҷрибаи нодири худ дар барномарезии идоракунии беҳтари кишвар саҳм гузоранд. Зеро барои фард басе дардовар аст, ки пас аз солҳо хидмату таҷриба давлат ӯро ба сабаби расидани синни нафақа якбора ба ҳошия фиристад ва барои давлат низ талафоти азим аст, ки чунин захираву таҷрибаро аз раванди рушди давлатдорӣ хориҷ созад. Масалан, дар ИМА бисёре аз президентҳо, вазирон, мақомоти олии ниҳодҳои амнияту дифоъ ва дигар шахсиятҳои баландпояи сиёсию қудратию иқтисодии кишвар ба Шӯрои амнияти миллӣ, фондҳои наздидавлатӣ ва ниҳоду муассисаҳои машваратию таҳлилию барномарезӣ ҷалб шуда, боз ҳам барои тақвияти давлат хидмат мекунанд. Ҳамин тавр, ҳар насли наву ҷавони мудирони сиёсӣ ба таҷрибаи сиёсатмадорони чанд насли пешини худ дастрасӣ пайдо карда, хатти усулии ҳаракати давлатро идома медиҳад. Дар шароити мо низ дар таркиби ниҳодҳое чун Шӯрои Амният, Маркази тадқиқоти стратегӣ, бунёдҳои гуногуни наздидавлатӣ ҷамъ овардани собиқадорони соҳаи сиёсию идории кишвар ва коргирии таҷрибаи бузурги амалии онҳо иқдоми бисёр муфид мебуд.

Ёздаҳум. ТАФАККУРИ ДАВЛАТӢ ДАР ЗАМИНАИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРӢ ПАЙДО МЕШАВАД

Ва ниҳоят, бо ҷамъбасти ҳамаи қадамҳои зикршуда, зарур аст, ки дар сатҳи назария ва амалия мактаби давлатдории миллӣ шакл гирад, ки хусусияти усулманд дошта, аз назарияи қавӣ ва амалияи ҷиддӣ баҳраманд бошад. Яъне, таърих, равия, усул ва меъёрҳои ин мактаб мушаххас буда, ҳадафҳо ва афзалиятҳои он таъйиншуда бошанд. Бахше аз ин мактаб бояд дар шакли маводи қавии навишташуда ва бахши дигар дар шакли таҷрибаҳои озмудашуда ва мисолҳои собитшуда ташаккул ёфта, он ба унвони як дониш ва як таҷрубаи қобили интиқол аз як насл ба насли баъдӣ тадвин ва таълим гардад. Ҳар як хидматчии давлатӣ бояд ин мактабро гузашта, дар рӯҳияи арзишҳои он ва дар чорчӯбаи меъёрҳои он ташаккул ёбад.

Фақат дар ин сурат, тафаккури давлатдорӣ шакл гирифта, анъанаҳои устувори давлатдорӣ ташаккул ёфта, рушди устувори давлат ҳамчун давоми таҷрибаи наслҳо таъмин мегардад. Пас, тафаккури давлатӣ маҳз бо мактаби давлатдорӣ дар робитаи мустақим буда, ин ду мафҳуми ба ҳам бисёр наздик ҳамдигарро тақвият менамоянд ва дар якҷоягӣ маъно пайдо мекунанд. Аз ин рӯ, яке аз муҳимтарин қадамҳои мо ба сӯи ташаккули тафаккури давлатӣ бояд талош барои эҳё ва тақвияти мактаби давлатдории миллӣ бошад.»

(Абдуллоҳи Раҳнамо. Муқаддимае бар тафаккури давлатӣ // Набзи замон, нашрияи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1, 2013, шумораи махсус)

ШАРҲИ «АХБОР БАРОИ АФКОР:

Пешниҳодҳои сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо нав нестанд, онҳо дар бахши хотимавии рисолаи «Муқаддимае бар тафаккури давлатӣ» зикр шудаанд, ки ҳанӯз соли 2013 аз тарафи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон чоп шудааст. Дар бораи бархе аз ин масоил инҷониб – Раҷаб Мирзо ҳам матолибе дар матбуоти даврӣ солҳои пешин навиштаам. Аммо ин навиштаи Раҳнамо дидгоҳи як сиёсатшиноси касбист. Воқеан, ҳарчанд муаллиф пешниҳодҳои ҷамъбастии худро андешаҳои муқаддимавӣ меномад, аммо аксари онҳо барои рушди давлатдорӣ хусусияти усулӣ ва амалӣ доранд ва таваҷҷӯҳ ба онҳо бидуни шак боис ба такмили низоми давлатӣ ва идории мо мебуд. Ҳадаф ин ҳам нест, ки ба касе, он тавре мегӯянд, “ақл нишон бидиҳем”. Фақат набояд фаромӯш кард, ки чунин фикру дидгоҳҳо ва таҷрибаҳое дар дунё вуҷуд дорад ва истифода аз онҳо танҳо ба манфиати ҳамагон буда.

Баррасии вазъият нишон медиҳад, ки бештари ин пешниҳодҳо, ки солҳо пеш аз ҷониби ин сиёсатшинос ва дигарон гуфта шудаанд, то ҳанӯз ҳамчунон аз ҷумлаи масоили ҳалталаб боқӣ мондаанд. Аз ҳамин ҷост, ки гуфтем онҳо овезонанд. Зеро таҷрибаи низомҳои рушдёфта нишон медиҳанд, ки истифодаи оқилона аз андешаҳои созандаи коршиносон ва аҳли ҷомеа яке аз омилҳои муҳимми рушду такмили давлат хоҳад буд. Хоса вақте онҳо аз дохил ва беғаразона гуфта мешаванд…

 157 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 148 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.