РӮЗИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Бо салому эҳтиром,

Имрӯз Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллист. Бо табрики ҷашни касбии онон, бояд эътироф кард, ки имрӯз суботу амният аз муҳимтарин воқеиятҳои Тоҷикистон аст, воқеияте, ки касе инкор карда натавонад. Дар як сухан, Тоҷикистон кишварест, ки ҳар рӯзаш рӯзи амнияти миллист. Эътиорфи созмонҳои муътабари байналмилалӣ низ дар арзёбии вазъи амниятии Тоҷикистон ҳамин аст.

Табиист, ки пушти ин суботи кишвару осудагии мардум азми матин, заҳмати сангин, талоши шабонарузӣ ва сатҳи касбии кормандони ин ниҳоди меҳварии миллӣ истодааст, ки бо тафовут аз ҳама соҳаҳои таблиғпазири дигар, одатан пӯшида мемонад ва дарки ин нақши ҳаётӣ на ба ҳамагон муяссар мегардад.

Дарку диди тахассусӣ ва тасаввуру ормони шаҳрвандии банда дар бораи ин ниҳоду ин соҳа ҳанӯз 10 сол пеш дар мусоҳибае ба таври усулӣ ба миён гузошта шуда буд, ки имрӯз расонаҳои огоҳу ҷӯянда онро ёфтаву аз лутф бознашр намудаанд. Бо мутолиаи дубораи он, дарёфтам, ки ҳоло низ дар ин мавзӯи муҳимм чизе беҳтару бунёдитар аз ин гуфта наметавонам. Аз ин рӯ, худ низ онро бознашр менамоям.

*****

Мусоҳибаи мазкур бо Абдуллоҳи Раҳнамо 10 сол қабл дар яке аз шумораҳои аввалини “ИмрӯзNews” нашр шуда буд ва он ҳам замоне, ки Саймӯмин Ятимов дар давраи душворе роҳбарии Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба зимма гирифт. Ин замони душвор ба ҳодисаи фирори маҳбусон аз маҳбасе марбут буд, ки зери назорати КДАМ қарор дошт. Пас аз ин фирор роҳбари КДАМ иваз шуд, вагарна эҳтимол дошт, ин ниҳоди муҳими давлат хеле беобрӯ гардад.

Аввалин нашрияи ҳаррӯзаи мустақил “ИмрӯзNews” бо чанд варақ коғаз, ки имрӯз бо ҳамин ном чоп мешавад, ягон иртибот надорад. На аз лиҳози обрӯ ва на мӯҳтаво. Ҳамаи мавзӯъҳоро пайгирӣ мекард, на он чиро, ки аз ҳар идора барояшон меоранд ва дар раҳбариаш ҳам мисли ҳоло одамони аз журналистика комилан бегона касе намеистод. Нашри мусоҳибаи мазкур дар бораи интизориҳои ҷомеа аз раҳбарияти нави КДАМ гувоҳ аст, ки чӣ гуна масъалаҳо ба таври касбӣ пайгирӣ мешуданд. Имрӯз, ки чекистҳои касбӣ иди касбӣ доранд, бо табрик ба эшон мусоҳибаи Абдуллоҳи Раҳнаморо дигарбора нашр мекунем.

– Шумо тағйирот дар роҳбарияти Кумитаи амниятро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

– Ин тағйироти муҳим ва иқдоми мусбат аст. Зеро ҳодисаи фирори маҳбусон, шеваи бозтоби он дар ҷомеа барои обрӯи ин ниҳод зарбаи ҷиддӣ буд ва ҳатто нисбат ба ин ниҳод писханду латифаҳоро низ ба вуҷуд овард. Аз ин рӯ, чунин ҳодиса дар ҳар кишвари демокративу ҳуқуқбунёди дигаре рух медод, масъулини амниятии он ҳатман худашон ба таври расмӣ ба истеъфо мерафтанд. Ҳатто дар Афғонистон, ки гоҳо мо дар бораи он нописандона сухан мегӯем, чанд моҳ пештар баъди ба як меҳмонхона ҳуҷум овардани ҷангиён дар Кобул вазири амнияти ин кишвар бо хости худ дар ҳузури хабарнигорон ба истеъфо рафт. Модоме, ки дар мо ин фарҳанг нест, бо фармон иваз шудани масъулин низ мусбат аст.

Вале ҳар падида як сабаби аслӣ ва як фурсат ё баҳонаи амалӣ шудан дорад. Ба назари ман, ҳодисаи фирори маҳбусон сабаби аслии ин тағйирот набуд, балки фурсате шуд, ки ин тағйирот анҷом шавад. Сабабҳои ин тағйирот бояд амиқтар бошанд.

-Масалан кадом сабабҳо ва омилҳо?

-Яъне, новобаста аз ҳодисаи фирори маҳбусон, зарурати тағйирот дар ин ниҳод кайҳо пухта расида буд, зеро тағйири босуръати мафҳумҳо ва меъёрҳои амниятии замони муосир ва тағйири моҳияти манфиатҳои миллӣ тақозо мекунад, ки дар ин соҳа низ таҳаввул ва ислоҳоти ҷиддӣ анҷом шавад. Ман фикр мекунам, ки командаи нав бояд ин таҳаввул ва ин ислоҳотро амалӣ созад.

-Моҳияти ислоҳоти зарурие, ки Шумо дар борааш ҳарф мезанед, аз чӣ иборат аст?

-Масъалаҳо зиёданд, вале, ба назари банда, муҳимтарин масъалае, ки имрӯз дар назди дастгоҳи амниятии кишвари мо қарор дорад, табдил шудани он ба маркази фикрию таҳлилӣ ва бунёди огоҳии кишвар аст. Дар аксари кишварҳои пешрафта ниҳоди амниятӣ пеш аз ҳама дастгоҳи мағзӣ, интеллектуалӣ, кашф, таҳлил, ояндабинӣ ва огоҳист. Ҳатто агар номи созмонҳои амнияти ин кишварҳоро бинем, «созмони огоҳӣ», «созмони ҳушманд», «созмони иттилоот» ва ғайра ном доранд, ки пеш аз ҳама ба сатҳи болои илмӣ, интеллектуалӣ ва огоҳии ходимони он ишора мекунад. Масалан, созмони амниятии Британия «Интеллеҷент сервис» ном дорад, яъне хадамоти ҳушманд ё хирадманд.

Яъне, бо тафовут аз вазорати мудофиа ва ё вазорати дохила, кумитаи амният бояд пеш аз ҳама кумитаи таҳлилу пешбиниву огоҳии миллӣ бошад, зеро аз назари таъиноти функсионалӣ он як ниҳоди сирф қудратӣ ва физикӣ нест. Он бояд маркази ҷамъшавии беҳтарин мағзҳо ва кадрҳои миллӣ бошад. Вале, зоҳиран чунин менамояд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ин ниҳоди калидӣ нишондиҳандаҳои физикӣ бар нишондиҳандаҳои интеллектуалӣ боло гирифт. Тағйири ин тавозун (баланс) масъалаи асосии ислоҳоти дастгоҳи амниятии Тоҷикистон ва вазифаи аввали роҳбарияти нави он хоҳад буд.

– Ба назари Шумо, худи ин дастгоҳ ба чунин дигаргунии амиқ омода аст?

– Ростӣ, дар бораи кумитаи амният зиёд сӯҳбат кардан мушкил аст, зеро ҳам дар фарҳанги худи ходимони ин соҳа ва ҳам дар фарҳанги ҷомеаи мо дар бораи ин ниҳод сӯҳбат кардан, хусусан, нақд кардан роиҷ нест. Умуман, мо ба ин одат накардаем, гарчӣ барои таҳкими амнияти ҷомеа таҳлили ин масъала бисёр зарур аст.

Аммо, агар боз ҳам дақиқтар сӯҳбат кунем, ба назарам масъалаи муҳими дигар ин аст, ки дастгоҳи аминияти миллии мо бояд боз ҳам бештар миллӣ шавад. Ин масъала чанд ҷанба дорад. Аввалан, бо касби истиқлолият бисёре аз мафҳумҳои амниятӣ моҳиятан тағйир ёфтанд, ҳатто маънои баръакс гирифтанд. Масалан, барои дастгоҳи амниятии шӯравӣ андешаи давлатдории миллии тоҷикон, истиқлолияти миллӣ, забони миллӣ, эътиқоди динии мардуми мусулмон ва ғайра хатаре ба амнияти ин кишвар буд. Вале имрӯз ин мафҳумҳо асоси давлатдории мо ҳастанд. Аз ин рӯ, дар шароити нав дастгоҳи амниятии мо бояд арзишҳоеро ҳимоят намояд, ки чанде пеш бо онҳо мубориза мебурд. Дар сатҳи ҳуқуқӣ ё сиёсӣ пазируфтани ин таҳаввули амиқ мушкил нест, вале дар сатҳи тафаккур ва ҷаҳонбинии афрод амалӣ шудани ин таҳаввул бисёр мушкил аст.

Дигар ин ки, бо касби истиқлолият Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои дигари узви Иттиҳоди Шӯравӣ давлатҳои мустақил шуданд. Пас моҳияти масъалаҳои амниятӣ ва манфиатҳои миллии ҳар яке аз ин ҷумҳуриҳо комилан фарқ намудааст. Вале гоҳо мешунавем, ки афсарони амниятии мо аз кишвари бегона нафақаҳои калон мегиранд, бале аз кишвари дӯст, вале бегона. Ва инро бисёр оддӣ қабул менамоянд. Дигар ин ки, албатта, ман дар бораи вазъи ин масъала дар ҳамин шабу рӯз хабар надорам, вале то чанде пеш забони кори ин ниҳод низ забони давлатӣ набуд. Муҳофизоне, ки мо доштем, ҳатто ариза барои рухсатии худро бо забони давлатӣ наменавиштанд. Хулоса, миллӣ шудани ин ниҳод ё миллитарин шудани он низ як масъалаи ҷиддии амнияти кишвари мост.

– Чун Шумо коршиноси шинохтаи равандҳои динӣ низ ҳастед ва ба мафҳуми дин низ ишорат кардед, мавқеъ ва амалкарди ин ниҳод дар масъалаҳои диниро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

– Ин як масъалаи калидист ва дар мисоли он метавон то чӣ ҳадд таҳаввул ёфтан ё наёфтани тафаккури дастгоҳи амниятии моро дарк намуд. Мушкил дар куҷост? Аз як сӯ, нигоҳи воқеъбинона ба воқеияти навини таърихие, ки мо дар он қарор гирифтаем, нишон медиҳад, ки акнун бе дар назар гирифтани омили дин таъмини амнияти кишвар имокнпазир намебошад. Яъне, акнун байни ислом ва амнияти Тоҷикистон робитаи мустақим пеш омадааст. Вале, аз сӯи дигар, матраҳ намудани ислом чун яке аз пояҳои суботу амнияти миллӣ барои зеҳни бисёре аз масъулини мо ҳанӯз маъмул нест, зеро тамоми тарҳ ва тафаккури суботофарию амниятсозии мо дар асри охир бар пояи берун нигоҳ доштани дин аз ҳисобҳои сиёсию амниятӣ ташаккул ёфта буд. Гарчӣ дар раванди ташаккули давлатдории миллӣ корноомадии ин тафаккур исбот шудааст, вале зоҳиран, ҷуръати гузаштан аз он ҳанӯз ҳосил нашудааст.

– Яъне, дигар дин ё исломгароӣ барои амнияти кишвари мо хатар нест?

– Исломгароӣ як истилоҳи сиёсию идеологии ғарбӣ аст. Вале, агар ҳама чизро бо номи худ ном бубарем, мусулмонӣ ва доштани маърифати исломӣ ҳаргиз хатар нест. Балки донишу ахлоқу маърифати исломӣ инсонҳоро бохирад ва хушмуносибат мекунад, барои ҳамдигар амнтар мекунад, ҷомеаро амнтар месозад. Ҳамин имону эътиқоди динии мардум аст, ки ҷомеаи мо хеле ором аст, ҳамин таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ҳаст, ки мо барои ҳамдигар ин қадар амн ҳастем. Бидуни шак, таносуб ё формулаи суботи мо дар оянда чунин мешавад: ҳар чӣ имону маърифати ҷомеа болотар равад, амнияти он болотар мешавад, ва баръакс, ҳар чӣ имону маърифати ҷомеа поинтар бошад, суботу амнияти он поинтар мешавад. Пас, имон ва маърифати воқеии динӣ як пояи амнияти миллист.

– Вале мо қариб ҳар ҳафта аз расонаҳо мешунавем, ки фарде ё гурӯҳе аз исломгароён ба унвони таҳдиде бар амнияти миллӣ боздошт мешавад. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

– Ин воқеият аст. Зеро, дар фазое, ки камбуди шадиди маърифати воқеъии динӣ эҳсос мешавад, сӯистифода аз дин ва ифротгароии динӣ бисёр авҷ мегирад. Инсоне, ки бовари динӣ дораду маърифати динӣ надорад, хатарнок аст. Агар мо маҳви бесаводии динии ҷомеаро пеш нагирем, равандҳои аз ин ҳам бадтар пеш меоянд.

Вале, дар айни замон, тасаввур намекунам, ки ҳамон як ё чанд ҷавони фирефташуда ва камтаҷриба таҳдиди аслӣ ба амнияти мо бошанд. Онҳо дар ҷои худ таҳдиданд, вале таҳдиди бузург ва ҷиддӣ ба амнияти мо пеш аз ҳама мансабдорони бесалоҳияту коррупсионер, масъулони бесавод, маҳалгаро, беинсоф ва ғайра ҳастанд. Зарбае, ки онҳо ба рушди ин кишвар, ба амнияти ин кишвар, ба ваҳдати давлату миллат мезананд, он муллобачае, ки дар ҳуҷрае «ғайриқонунӣ» Қуръон хондааст, ҳаргиз як зарраи онро зада наметавонад. Дидан, ошкор кардан ва хунсо кардани ин таҳдидҳои бузург ба амнияти кишвар аз вазифаҳои усулии роҳбарияти нави Кумитаи амният хоҳад буд.

– Шумо дар бораи чанд масъалаи амиқ сӯҳбат кардед. Оё боварӣ доред, ки роҳбарияти нав, хусусан раиси нави кумита Саидмӯъмин Ятимов салоҳияти амалӣ намудани чунин ислоҳотро доранд?

-Баррасии як фард мушкил аст, вале агар биографияи хидматии Саймумин Ятимовро варақ занем, метавон гуфт, ки ӯ шахсест, ки гӯё барои дар ҳамин марҳила масъули амниятии кишвар шудан солҳои тӯлонӣ парварида шудааст. Ва баъзе нишондиҳандаҳое, ки ӯ дорад, метавонад барои бо маваффақият анҷом шудани ислоҳоти ин ниҳод ва ба нақши аслии худ баргаштани он мусоидат намояд.

– Чӣ хусусиятҳои хоси раиси нави кумитаи давлатии амнияти миллиро метавонед дар ин самт зикр намоед?

– То ҷое ки ман медонам, Саидмӯъмин Ятимов мутахассиси касбӣ ва собиқадори соҳа буда, таҷрибаи калони кори илмӣ, сиёсӣ ва дипломатӣ низ дорад. Ӯ солҳо ҳам дар кишварҳои исломӣ ва ҳам дар кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ масъулияти амниятӣ ва дипломатӣ дошт. Ӯ набзи сиёсати Теҳрон, Риёзу Брюселу Лондонро хуб ҳис мекунад. Табиист, ки чунин собиқа дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва воқеъбинии шахс таъсири ҷиддӣ мегузорад. Аз ин рӯ, ин бағоҷи ғании Саидмӯъмин Ятимов метавонад дар мазмуни нав гирифтани сиёсати амниятии дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон таъсири бисёр усулӣ ва ҷиддӣ расонад.

Баъзе дӯстон изҳори нигаронӣ доранд, ки ӯ ниҳоят сахтгир аст. Вале ҳамзамон, бояд дар назар дошт, ки ӯ доктори илмҳои сиёсӣ ва як шахси интеллектуалӣ мебошад. Мо дар Тоҷикистон ҳамагӣ 5-6 доктори ин соҳа дорем. Ҷамъи ҷиддият ва интеллект ҳамон чизест, ки имрӯз барои дастгоҳи амниятии кишвар зарур аст. Аз ин рӯ, ба ин вазифа таъин шудани Саидмӯъмин Ятимов умеди коршиносон ва ҷомеаро ба ислоҳи ин ниҳоди калидии кишвар бисёр болотар бурдааст.

– Дар ниҳоят, дар нисбати ин ниҳоди калидии кишвар чӣ таманно доред?

-Мехоҳам амалкарди ин ниҳод чунин бошад, ки дар зеҳни мардум аз он на мисли даврони шӯравӣ ҳисси даҳшату бим ва дуриҷӯӣ, балки ҳисси амнияту оромиш ба вуҷуд ояд. Мардум амалан эҳсос кунанд, ки Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дигар КГБ СССР нест, ки аз он бояд ҳаросид, балки эҳсос кунанд, ки он кумитаи амнияти худи мост, он дигар бо арзишҳои мо мубориза намекунад, балки ба хотири амнияти худи мо фаъолият мекунад. Ва ҳамкорӣ бо он дигар ҷосусӣ нест, хиҷолат нест, хиёнат нест, балки ҳамкорӣ бо он саҳмгирӣ дар амнияти шахсии худи мо ва саҳмгирӣ дар амнияти кишвари худи мост. Бояд ин тафаккур дар ҷомеа таҳким ёбад ва барои ин бояд огоҳона талош кард. Ин ҳам аз вазифаҳои роҳбарияти нави кумитаи амният мебошад.

Сӯҳбати Абдуазими Абдуваҳҳоб,

“ИмрӯзNews”, сентябри соли 2010

 361 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 349 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.