ШУКӮҲУ МАНЗАЛАТУ ШАЪНУ ЭҲТИРОМ МУБОРАК

Шукӯҳу манзалату шаъну эҳтиром муборак,
Намоди тантанаи давлату низом муборак,
Набарду ҳиммату пирўзии мудом муборак,
Бузургии назару вусъати калом муборак,
Барои миллати соҳибватан Паём муборак!
Забону миллату таъриху нангу ном муборак,
Тамаддуни куҳану роҳи бардавом муборак,
Зуҳури тозаи фарҳангу фарру ҷом муборак,
Ва шаҳди неъмати худмеҳварӣ ба ком муборак,
Барои миллати соҳибватан Паём муборак!
Қиёми лолаи парчам ба авҷи бом муборак,
Нишони зарҳали ин тоқи нуқрафом муборак,
Суботу ваҳдату осудагии ом муборак,
Сапедаи саҳару рӯшании шом муборак,
Барои миллати соҳибватан Паём муборак!

 158 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 139 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.