Хабарҳо Шеър ВАТАН ШАВЕМ! 12.04.202103.12.2021 rahnamocom 0 Комментариев Бо салому эҳтиром, Дӯстони азиз аз сари лутф аз маросими дирӯзи рӯнамои маҷмуаи «ДӮСТ ДОР ЗИСТАН» дар Иттифоқи нависандагон як силсила аксҳои хотирмон фиристодаанд, ки ҳамроҳ бо як суруди тантанавӣ аз ин китоб барои дӯстон мегузорам. Рӯзатон хуш бод! ВАТАН ШАВЕМ Зи узв-узви нотавон биё, ки ҷону тан шавем, Зи доғ-доғи лолаҳо биё, ки як чаман шавем, Зи фард-фарди хастаҷон биё, ки анҷуман шавем, Дар ин ҷаҳони бесутун сутуни хештан шавем. Ва сарбаландии нави тамаддуни куҳан шавем, Биё, биё, Ватан шавем, биё, биё, Ватан шавем. Дубора чашмаи сафо, дубора водии вафо, Дубора соҳиби замин, дубора соҳиби фазо, Дубора қалби Осиё, дубора фахри Ориё, Дубора Шайхи Бӯалӣ, дубора дафтари «Шифо», Дубора рӯшанӣ шавем, дубора илму фан шавем, Биё, биё, Ватан шавем, биё, биё, Ватан шавем. Умеди ҳамдигар шавем, ба дасти ҳам асо шавем, Паноҳи ҳамдигар шавем, ба дарди ҳам даво шавем, Барои ҳам сипар шавем, барои ҳам ба по шавем, Биё барои ҳамдигар ҳабибу ошно шавем, Барои ҳам забон шавем, барои ҳам сухан шавем, Биё, биё, Ватан шавем, биё, биё, Ватан шавем. Биё, ки шоҳкорҳо ба корзор офарем, Зи ҳар як ибтикори худ як ифтихор офарем, Зи ғунчаҳои бахти худ биё, баҳор офарем, Зи ахатри нигоҳи худ ситоразор офарем, Ба ишқи кўҳсори худ биё, ки Кӯҳкан шавем, Биё, биё, Ватан шавем, биё, биё, Ватан шавем!