ҶАМЪБАНДИИ НАЗАРИЯВИИ ДАСТОВАРДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СЕ ДАҲСОЛАИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ:таҳлили институтсионалистӣ

    Мавзӯъ ва ҳадафи мақолаи ҳозир бо истифода аз равиши ниҳодгароёна ва давлатмеҳвар арзёбии амалӣ ва ҷамъбасти назариявӣ намудани моҳияти таҳаввулот, сатҳу самти рушди давлатдорӣ ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди се даҳсолаи истиқлолияти давлатӣ мебошад. Гарчӣ баъзе тезисҳои он пештар расонаӣ шуда буд, аммо шакли комилу фарогири мақола ҷанбаҳои гуногуни ин масъалаи муҳимро бозкушоӣ карда, нишон медиҳад, ки се даҳсолаи худсолории Тоҷикистон ҳаргиз бенатиҷа набуда, дар ин марҳилаи таърихӣ кишвари мо дар самти шаклгирии мактаби давлатдории миллӣ, таъмини устувории ниҳоди давлат, ниҳодина шудани суботу амният ва шаклгирии муҳити воҳиди арзишию шаҳрвандӣ ба дастовардҳои бунёдие ноил гаштааст, ки заминаи ҳалли тамоми масъалаҳо ва татбиқи тамоми арзишу ормонҳои дигари миллиро фароҳам овардаанд.Бинобар аҳаммияти махсуси мавзӯъ ва моҳияти назариявӣ ва ҷамиъбастии худ, мақола метавонад дар соли ҷашни таърихӣ нақши чорчӯби методологии шинохту арзёбии дастоврадҳои бунёдии замони истиқлоляиро иҷро карда, на танҳо ҳамчун навиштаи таҳлилӣ, балки ҳамчун маводи таълимию таблиғӣ дар ин самт низ корбурди васеи амалӣ дошта бошад.

 


    Бо фарорасии солгарди навбатии истиқлол, инак Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди 30-юмин соли истиқлолияти давлатии худ гашт. Ҳам аз назари эҳсосоти баланди ватандорӣ(1), ҳам аз диди сарнавишту арзишҳои миллӣ(2) ва ҳам аз нигоҳи раванди таърихии давлатсозӣ(2) фаросарии чунин солгард яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи давлатдории муосири миллии мо хоҳад буд. Ин санаи барҷаста имкон медиҳад, ки дар канори ибрози эҳсосоти олии худ, ҳамчунин ба роҳи тайшуда назаре андохта, бурду бохт ва дастовардҳои ин марҳилаи муҳимми таърихи давлатдории худро ҷамъбандӣ ва арзёбӣ намоем.

    Омӯзиши маҷмуаи назарҳое, ки атрофи ин масъала то имрӯз гуфтаву навишта шудаанд, нишон медиҳад, ки дар арзёбии моҳият ва натиҷаҳои ин марҳили давлатдорӣ диду равишҳои гуногун корбурд ёфта, дар пайи он чӣ дар муҳити умумӣ ва чӣ дар доираҳои коршиносӣ хулосаву бардоштҳои мухталиф ҳосил шудаанд. Зарурати таъкид бар шинохти нигоҳу равишу методҳои фаҳмишу арзёбӣ дар он аст, ки маҳз чигунагии равиш бар чигунагии натиҷа таъсири асосӣ мегузорад.

     Ҳамин тавр, ҳоло дар муҳити таҳлилию иттилоотии имрӯза дар масъалаи арзёбии моҳият ва натиҷаҳои ин марҳила, пеш аз ҳама истифодаи дидгоҳ ва равишҳои зерин мушоҳида мешаванд:

  1. Нигоҳи иҷтимоӣ: Пайравони чунин равиш моҳияти таҳавулоти даврони худсолории давлатӣ ва комёбиҳои онро, пеш аз ҳама дар тағйири вазъияти иҷтимоии ҷомеа ва сатҳи зиндагии моддии мардум ҷуста, арзиши тағйироти ин давраро маҳз ба ин омил вобаста медонанд. Ин аст, ки дар фазои иттилоотӣ ва муҳити таҳлилӣ маводи фаровоне дар боби муқоисаи сатҳи даромадҳои аҳолӣ, имтиёзҳои иҷтимоӣ, вазъи кору муҳоҷират, таъмини ниёзҳои қишрҳои осебпазир, вазъи тиббу маориф ва ғайра то истиқлолият ва пас аз фарорасии он нашр мешаванд. Албатта, бинобар пасттар шудани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар тамоми кишварҳои истиқлолёфтаи пасошӯравӣ, равиши иҷтимоии арзёбии дастоврадҳои даврони истиқлолият дар ин кишварҳо батанҳоӣ на ҳамеша посухи мусбат медиҳад.
  2. Нигоҳи арзишмеҳвар: Ҷонибдорони нигоҳи арзишмеҳвар арзиши таҳавулоти замони истиқлолияти давлатиро маҳз аз назари чигунагии тағйироти пешомада дар вазъияти таъмини ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, хоса озодии баёну виҷдон ва ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ дида, мусбат ё манфӣ будани моҳияти таҳаввулоти ин марҳила ва натиҷаҳои онро асосан ба ин омил пайванд медонанд. Ин нигоҳи фалсафию либералӣ дар баробари моҳиятан рӯшанфикрона ва инсонмеҳвар будан, ормонгароии барҷастаи ҷонибдоронашро низ ифода мекунад.
  3. Нигоҳи ҳувиятмеҳвар: Дар ин равиши ҳувиятмеҳвар ё миллии арзёбӣ, меъёри асосии таҳлили арзиши таҳаввулоти даврони истиқлолият то куҷо эҳё гаштани ҳувияти миллӣ ва то чӣ сатҳ авлавият ёфтану татбиқ гаштани худи арзишҳои миллӣ дониста мешавад. Ин равиш ҳадафи ғоявии истиқлолиятро, пеш аз ҳама дар ин самт дида, муносибати мусбат ё манфии худро бо ин падида маҳз аз ҳамин назар муайян мекунад.
  4. Нигоҳи геосиёсӣ: Муаллифони маводҳои инравишӣ минтақа ва ҷаҳонро ҳамчун як бофтори органикии геополитикӣ пазируфта, дар чунин муҳити вобастагиҳои шадид татбиқи истиқлолияти сиёсии давлатро ҳолати нисбӣ мешуморанд. Яъне, аз диди ин нигоҳ дар ин шароити геополитикӣ на аз ҷиҳати сиёсию амниятӣ ва на аз нигоҳи иқтисодию иттилоотӣ таъмини худсолории комил имконпазир набуда, вазъияту самти ҳаркати давлатҳои мустақилшуда низ ба вазъият ва қонунмандии равандҳои калони минтақавию геополитикӣ шадидан вобаста боқӣ мемонад.
  5. Нигоҳи худмеҳвари гурӯҳӣ: Маводи дастраси соҳибони ин дидгоҳ нишон медиҳад, ки дар он арзиши истиқлолят ва вазъияти навин маҳз аз назари фарогирӣ ва мушорикати сиёсӣ арзёбӣ шуда, муаллифон муносибати худро ба ин падида вобаста ба тағйири ҷойгоҳи ҷамъиятӣ ва сатҳи мушорикати шахс ё гурӯҳи худ дар равандҳо муайян менамоянд. Аз диди онҳо, истиқлолият барои гурӯҳи муайяне муфид омада, аммо имтиёзҳои он фарогири гурӯҳи онҳо набудааст ва бинобар ин, дастовардҳои он арзёбии манфӣ мешавад. Соҳибони ин дидгоҳи худмеҳвар дар амал на арзиши истиқлолият ва дастовардҳои ҷомеа, балки маҳз ҳолату манфиати худро меъёри асосии арзёбии вазъият қарор медиҳанд.
  6. Нигоҳи ниҳодгароёна: Дар равиши ниҳодгароёна ё институтсионалистӣ моҳияти таҳаввулоти даврони истиқлолият ва дастоврадҳои он маҳз аз назари то куҷо расидани раванди ташаккули ниҳодҳои сиёсию ҷамъиятӣ ва, пеш аз ҳама ниҳоди давлат арзёбӣ мегардад. Ин дидгоҳи калону фарогир моҳияти давлатмеҳвар ва суботофар дошта, сатҳи татбиқу таҳкими истиқлолияти давлатиро маҳз дар сатҳи ташаккули ниҳоди давлат ва ниҳодина шудани суботу амният мебинад, зеро аз ин назар, татбиқи тамоми арзишу заруратҳои дигар фақат дар заминаи устувории ин ду нишондиҳандаи зерсохторӣ имконпазир мегардад.

   Албатта, бештари дидгоҳҳои зикршуда ҳоло асосан дар сатҳи изҳори назар боқӣ монда, ба сатҳи равиш ё методи мустақили таҳлилу арзёбӣ нарасидаанд, аммо дар айни замон, ҳар яке ҷанбаи муайяни ин масъалаи муҳимро рӯшан карда, ба истиснои дидгоҳҳои эҳсосии худмеҳвар, ҳар яки онҳо ҳам ҳуқуқи будан ва ҳам арзиши мутолиа шуданро доранд. Гарчӣ муаллиф усулан ҷонибдори равишҳои ҷомеъ ва фарогири таҳлилу арзёбист, аммо аз сабабе, ки имрӯз дар фазои таҳлилию иттилоотии мо барои ҷамъбандии натиҷаҳои ин марҳилаи таърихӣ аз равиши ниҳодгарову давлатмеҳвар камтар истифода мешавад, дар зер бо шарҳи вижагиҳои ин равиш талош мегардад, ки моҳияти таҳаввулот, сатҳу самти рушди давлатдорӣ ва дастовардҳои бунёдии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди се даҳсолаи истиқлолияти давлатӣ маҳз азҳамин назар арзёбӣ ва ҷамъбасти назариявӣ карда шаванд.


   Тавре зикр шуд, моҳияти равиши таҳлилии ниҳодгароёна ва давлатмеҳвар ин аст, ки дар он раванд ва натиҷаҳои рушди таърихии кишвар, пеш аз ҳама аз назари сатҳи ташаккулу устувории ниҳодҳои ҷомеа (институтҳо) ва сатҳи ниҳодина шудани суботу амнияти умумӣ арзёбӣ мегардад. Албатта, дар дурнигари ин дидгоҳ низ инсон, арзишҳо, тафаккур, озодӣ ва зиндагии шоистаи ӯ арзишҳои муқаддасе ба ҳисоб меоянд, ки бидуни онҳо сиёсату давлат арзиши худро аз даст медиҳанд. Аммо, дар айни замон, дар нигоҳи ин равиш, агар давлат ҳамчун ниҳоди устувори ҳамоҳангсозу назоратгари сиёсию идорӣ ва ҳамчун фазои суботи ниҳодинашуда ташаккули ниҳоӣ нагирад, татбиқи комили он арзишҳои муқаддас амалан номумкин мегардад. Ин аст, ки дар равнади бунёди давлатдорию эҷоди мардумсолорӣ, масъалаи ниҳодина шудани (институтсионализатсияи) давлат ва субот авлавияти эътиборӣ (на ҳатман замонӣ) пайдо карда, нерӯ ва таваҷҷуҳи аслиро ба худ ҷалб менамояд. Албатта ин нукта низ муҳим аст, ки дар чунин раванди мураккаб давлат ва субот ба худии худ ҳадафи ниҳоии рушд набуда, балки ҳамчун замина ва муҳимтарин шароити расидан ба он ҳадафҳои ниҳоӣ, яъне ба эҳёи миллӣ, озодӣ, мардумсолорӣ ва зиндагии шоистаи шаҳрвандон арзёбӣ мегарданд.

        Бо таваҷҷуҳ ба ин, коргирӣ аз равиши давлатмеҳвар ва ниҳодгаро (институтсионалистӣ) дар арзёбии дастоврадҳои истиқлоли давлатӣ имконият медиҳад, ки мо қудрати нигоҳи калон ва абзори баррасии дурусти дастовардҳои худро дар ҳар марҳилаи рушд дошта бошем. Ба ин восита мо метавонем аз ҷузъиёти ҷудогона фаротар рафта, худи раванди таърихӣ, вазъияти институтсионалӣ, дастовардҳои бунёдию зербиноӣ ва самти ҳаракати ояндаи давлатро арзёбӣ ва натиҷагирӣнамоем.

       Аҳаммияти корбурди ин равиш дар он аст, ки агар чунин дарёфти баланди сиёсии вазъият ва чунин фаҳмиши калону давлатмеҳвар ҳосил нашавад, шаҳрванд метавонад бо оддитарин мисолу қиёсҳои ҷузъӣ натанҳо аз натиҷаҳои истиқлолият эҳсоси қаноат наёбад, балки ҳатто арзиши ин арзишро низ зери савол гузорад. Ин аст, ки дар шароити набуди чунин дидгоҳ ҳам шаҳрвандони оддӣ ва ҳам доираҳои муайян дар фазои сиёсию иттилоотӣ пайваста масъала мегузоранд, ки то истиқлол маош ба чанд халта орд мерасиду нафақа ба чанд рӯз шакар кифоят мекард, табобат ройгону навбат муназзаму идора шаффофтар буд, пас он ҳолат басе беҳтар буд ва ғ. Дар айни замон, мавҷудияти чунин фаҳму дидгоҳҳо дар ҷомеа аз сӯи баъзе доираҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ пайваста истифодаи сиёсӣ гашта, талош мешавад, ки дар ин замина натанҳо ҳисси беэътимодӣ ба имрӯзу фардо, балки эҳсоси манфинигарӣ нисбати низоми сиёсӣ ва ҳукумати кишвар низ шакл дода шавад. Ин аст, ки чунин мавзӯи дар нигоҳи аввал маърифатию методологӣ, барои давлату давлатдорӣ аҳаммияти муайянкунандаи сиёсию амниятӣкасб мекунад.


    Дар баррасии мустақими вазъият ва дастовардҳои ҳудуди се даҳсолаи истиқлоли давлатӣ бар мабнои равиши ниҳодгарою давлатмеҳвар бояд, пеш аз ҳама пурсида шавад, дар ҳақиқат, дар ин марҳила Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ масири таърихиеро тай намуда, ҳамчну давлат дар самти давлатсозию ниҳодофарӣ чӣ дастовардҳои бунёдиро касб намудааст? Яъне, то имрӯз ҳамчун давлат чӣ натиҷаҳо ва арзишҳои усулие дорем, ки дар ҳақиқат қобили ифтихор, ҷонибдорӣ ва фидокорию қурбонӣ бошанд? Ва чаро бояд як шаҳрванди огоҳ ва хусусан, як зиёӣва корманди идорӣ ин натиҷаҳоро дарк ва ҳимоят карда, дигаронро низ ба дарку ҳимояти онҳо ҳидоят намояд?

    Дар равиши ниҳодгарои давлатмеҳвар, хулосаи таҳлилию таҷрибии мо ин аст, ки дар ҳудуди се даҳсолаи истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама мактаби мукаммали сиёсӣ ва давлатдории муосири миллии тоҷикон шакл гирифтааст. Ин мактаб дар шароити пуртазодди таърихию сиёсӣ зина ба зина такомул ёфта, то имрӯз асосҳои назариявӣ(1), уфуқҳои ормонӣ(2), низоми арзишӣ(3), чорчӯбҳои ҳуқуқӣ(4), анъанаҳои меъёрӣ(5), ҳадафҳои стратегӣ(6) ва авлавиятҳои рушди минбаъдаи он(7) қариб пурра ташаккул ёфтаанд.

     Муҳимтарин арзишҳои мактаби сиёсию давлатдории даврони истиқлолият, пойбандӣ ба рӯҳияи истиқлолияти миллӣ(1), тафаккури мустақили давлатӣ(2), ифтихори таърихию тамаддунӣ(3), моҳияти демократӣ ва ҳуқуқбунёди давлат(4), дунявияти низоми сиёсӣ(5), низоми мутамаркизу устувори идориву сиёсӣ(6), гароиши иҷтимоии сиёсати давлатӣ(7), татбиқи сиёсати давлатии илммеҳвару маорифпарвар(8), таъмини ҳамзистии фикрӣ ва ваҳдати миллӣ(9), эҳё ва ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ(10), посдорию тақвияти забони миллӣ(11), тарбияти рӯҳияи ватандӯстонаи аҳолӣ(12), кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон(13), таъмини зиндагии шарофатмандонаи мардум(14), ҳифзи манфиатҳои миллӣ(15), мавқеи байналхалқии пештоз ё прогрессивӣ(16), пешбурди сиёсати хориҷии бисёрсамтӣ ва сулҳомез(17) ва ғайра мебошад, ки дастёбӣ ба баъзе аз онҳо то имрӯз муяссар гашта, ҳаракати ҳадафманди давлат барои расидан ба баъзеи дигар идома дорад.

     Ва муҳимтар аз инҳо, ин маҷмуаи васеи усулҳо(1), арзишҳо(2), бинишҳо(3), меъёрҳо(4), озмудаҳо(5), сабақҳо(6), манфиатҳо(7) ва ҳадафҳо(8) дар раванди пуршӯру пуртазодди давлатсозӣ соишу омезиши мавзун ёфта, дар заминаи онҳо амалия, таҷриба, анъана, фарҳанг ва мактаби махсуси сиёсии давлатдорӣ шакл гирифтааст. Дар канори саҳми меҳварии роҳбарияти давлат, дар ин раванди таърихӣ тамоми мардуми кишвар, хоса аҳли андешаву зиё ва қишри идориву хизматгузорӣ саҳми амалии худро гузоштааст. Аммо аз сабабе, ки дар ин марҳилаи таърихӣ мудирияту муҳандисии ин раванди тақдирсозро маҳз Пешвои миллат мустақиман ба дӯш доштааст, ин мактабро метавон мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон номид.

     Албатта, табиист, ки ба сабаби ҳанӯз ҷамъбасти зарурии илмию назариявӣ нашудани ин мактаб ва таълиму фарогир нагаштани моҳияту арзишҳои он, имрӯз фаъолияти на ҳамаи ҷомеа ва на ҳамаи кормандони идорӣ ба ин сатҳи назариявию сиёсӣ ва ин фарҳангу мактаби давлатдорӣ пурра мутобиқ мебошад. Аммо дар ин масъала меъёри арзёбӣ на сатҳу дидгоҳи фард ё корманди ҷудогона, балки мавҷудият ва мушаххас будани бунёдҳои консептуалӣ, чорчӯбҳои арзишӣ, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва самтҳои рушди низоми давлатдорист, ки то имрӯз коркарду тадвину пазируфта шуда, фаъолияти ғоявӣ ва функсионалии давлат ба татбиқи онҳо равона гаштааст. Дар айни замон, маҳз бо мақсади ҳамчун дидгоҳи сиёсӣ ва фарҳанги хидматӣ дарк ва фарогир шудани арзишҳо, моҳият ва хусусиятҳои ин мактаби давлатдорӣ, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бозомӯзии пайвастаи онро миёни хизматчиёни ҷавону навтаҷриба ба роҳ гузоштааст.

   Аҳаммияти мактабу таҷрибаи зикршуда то ҷоест, ки агар дастовардҳои даҳсолаҳои истиқлолиятро ҷамъбаст намоем, шояд яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо ҳамчун давлат ва миллат маҳз ҳамин ташаккули мактаби давлатдории муосири миллӣ бошад. Арзёбии боз ҳам амиқтар нишон медиҳад, ки мавҷудияти чунин мактаб акнун на танҳо сармояи миллӣ, балки устуворӣ ва идомаи он кафили бақои давлатӣ ва ҳастии миллии мо низ мебошад. Ин аст, ки ҳифз, идома ва такмили ин мактаби давлатдорӣ рисолати муҳимтарини зиёиён ва сиёсатмадорони давлатмеҳвари тоҷик хоҳад буд.

    Ба ибораи дигар, дар ин давра дар ниҳоят таҷрибаи амалии давлатдорӣ ҳосил гашта, мактаби амалгароёнаи давлатдорӣ шакл гирифта, масъалаҳои асосии давлатсозию давлатдории миллӣ ҳалли худро пайдо намуданд. Агар ин дастовардҳои амалии давлатдориро ба таври боз ҳам мушаххастар арзёбӣ намоем, дар ин марҳилаи ҳассоси таърихӣ, аз ҷумла худи давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи ҳалокат наҷот ёфт(1), ягонагии ҳудудии кишвар ҳифз карда шуд(2), аркон ва сохтори давлатдорӣ барқарор гаштанд(3), модели давлатдории миллии мусоир шакл гирифт(4), сулҳу ваҳдати миллӣ таъмин карда шуд(5), раванди эҳёи миллӣ самту суръат ёфт(6), муҳити воҳиди арзишию шаҳрвандӣ фароҳам гашт(7), буҳрони шадиди иқтисодӣ бартараф эътидолёфт(8) ва мақоми устувори байналхалқии Тоҷикистон таъмин карда шуд(9).


       Бо баршумории ин дастовардҳои усулӣ, акнун бояд ба ин саволи меҳварии рӯз посух гуфт, ки пас ҳоло дар сиюмин соли истиқлолияти давлатӣ дар куҷо қарор дорем? Яъне, ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлат дар кадом марҳилаи таърихӣ ва дар кадом зинаи рушди давлатии худ ҷой гирифтааст? Посухи дақиқ ба ин савол аҳаммияти ҷиддии назариявӣ ва амалӣ дошта, аксари шубҳаву норӯшаниҳоеро, ки дар муҳити таҳлиливу иттилоотӣ атрофи масъалаи роҳи паймудаи кишвар ва дастовардҳои даврони истиқлолият матраҳ мешавнад, бартараф месозад.

       Чуноне, ки дар бораи ҷамъбасти ин марҳила дар осори Пешвои гиромии миллат борҳо зикр рафтааст, дар пайи дар ин даҳсолаҳо ҳалли муносиби худро ёфтани масъалаҳои усулии давлатсозӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлат як марҳилаи муҳим ва зарурии рушди давлатдории худ, яъне марҳилаи эҳё ва барқарории давлатдории миллиро ҷамъбаст намуда, ҳамчун воҳиди мустақилли сиёсӣ, ҳамчун воқеияти таърихӣ ва ҳамчун унсури устувори низоми байналмилалӣ ба таври инкорнашаванда ва бебозгашт шакл гирифтааст. Дар ин озмуни мураккаби таърихӣ тоҷикон истиқлолияти сиёсӣ ва давлатдории миллии худро соҳибӣ карданд ва бори дигар ҳамчун миллат дар зинаи давлатдоронаи рушд қарор гирифтанд. Тавре гуфта шуд, ин дастовард на танҳо як комёбии сиёсӣ, балки тантанаи ормонҳои ҳазорсолаи миллӣ ва пирӯзии бахше аз адолати барҳаққи таърихӣ буд. Дар ниҳояти ин марҳила раванди давлатсозии муосири тоҷикон ба нуктаи кулминатсионии худ расида, самти ҳаракат ва дурнамои он муайян ва рӯшан гашт. (Албатта, бояд гуфт, ки агар фоҷеаи ҷанги шаҳрвандӣва парокандагии миллӣ пеш намеомад, ин марҳилаи бунёдии давлатсозию ниҳодофарӣ метавонист дар даҳсолаи аввал ё дуввуми худсолории давлатӣба пуррагӣ ҷамъбаст гардад.)

      Бинобар ин, бо такмили ин марҳила, акнун Тоҷикистон ҳамчун давлат ба зинаи нави таърихи такомулии худ, яъне ба марҳилаи рушди уствор ворид мегардад, ки он хусусиятҳо ва вазифаҳои комилан хосси худро дорад(1). Аҳаммияти амалӣ ва ҳатмияти сиёсии ин гузариши марҳилавӣ дар он аст, ки агар рушди минбаъдаи кишвар ва ҳалли маҷмуаи масъалаҳои пешомадаи иқтисодию иҷтимоӣ ва арзишию сиёсӣ таъмин нагардад, худи дастовардҳои бунёдии марҳилаи эҳё ва барқарорӣ, ки аҳаммияти таърихӣ ва ҳаётӣ доранд, бо таҳдиду хатари навин рӯбарӯ мешаванд.

         Дар шароите, ки дар марҳилаи ҷамъбастшуда масъалаҳои асосии давлатсозӣ ҳалли худро ёфтаанд, аз назари амалия дар рӯзномаи марҳилаи нав, илова бар мавзӯи ҳифзу тақвияти дастовардҳои марҳилаи тайшуда, пеш аз ҳама масъалаҳои хосси марҳилаи рушди устувор, аз ҷумла татбиқи муассири стратегияҳои миллии рушди миёнамуддат ва дарозмуддати кишвар(1), модернизатсияи сифатии низоми идоракунии давлатӣ(2), ниҳодинасозии тафаккури давлатӣ(3), ташаккули ҳадафманди андешаи ватандории муосири шаҳрвандӣ(4), таҳкими ҷойгоҳ ва рушди зарфияти нерӯи инсонӣ (5), татбиқи марҳилаи навини ҳадафҳои чоргонаи ситартегӣ(6), таъмини саноатисозии босуръати кишвар(7), гузор ба модели саноатию кишоварзии рушд(8), суръатбахшии ислоҳоти амиқи иқтисодӣ(9), такмилу модернизатсияи низоми миллии илм(10), маориф(11), тандурустӣ(12) ва ҳифзи иҷтимоӣ(13), кафолати зиндагии шоистаи аҳолӣ(14), танзими шоисати ҳуқуқӣ ва иҷтимоии раванди муҳоҷирати меҳнатӣ(15), такмили равиши татбиқи ҳуқуқу озодиҳои фардӣ(16), тақвияти шоистасолорӣ ва шаффофияти низоми кадрӣ(17), либеразизатсияи низоми андоз ва рушди бахши хусусӣ(18), фароҳамсозии фазои амну озоду устувори сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ(19), коркарду татбиқи шеваҳои муассири мубориза бо фасод(20)… ва даҳҳо масъалаҳои дорои хусусияти рушдоварӣ ва иноватсионӣ қарор мегиранд. Масъалаҳое, ки то имрӯз низ аз тарафи Роҳбарияти давлат марҳила ба марҳила ба миён гузошта шудаанд, аммо бинобар хусусиятҳои марҳилаи зикршудаи таърихӣ, дар он давра нерӯ ва зарфияти давлатӣ бештар ба ҳалли масъалаҳои эҳё ва барқарориву устувории давлатдорӣ равона шуда буданд.

    Яъне, дар марҳилаи нави рушди худ Тоҷикистон бо ҳадафу вазифаҳое рӯбарӯ мебошад, ки ҳалли муваффақонаи онҳо бояд на танҳо вазъияти иқтисодиву иҷтимоии кишварро ба куллӣ тағйир диҳад, балки сифати зиндагии шаҳрвандонро низ дигар карда, ҷойгоҳи байналмилалии кишварро аз рӯи тамоми шохисҳои иқтисодию сиёсӣ ба зинаи комилан нав боло барад. Табиист, ки дар маркази таваҷҷуҳи чунин рушд бояд маҳз омили инсонӣ, бо маҷмуаи мутавозини ниёзҳои моддӣ, маънавӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии худ қарор гирад. Ба баёни дигар, агар дар марҳилаи буҳрону барқарории давлатдорӣ шаҳрванд барои устувории давлат баъзе маҳрумиятҳоро огоҳона таҳаммул карда бошад, дар марҳилаи рушду пойдорӣ давлат низ огоҳона ҳалли ниёзҳои арзишӣва иҷтимоии шаҳрвандро дар авлавият қаро медиҳад.

    Аз ин рӯ, тавре борҳо зикр шуда буд, насли баъдии сиёсатмадорони тоҷик на танҳо масъулияти таъмини пайванди ду насли сиёсии замон, балки масъулияти таъмини пайванди ду фасли таърихии давлатдории моро низ ба дӯш хоҳанд дошт. Зеро на танҳо рисолати миллию таърихӣ, балки формулаи комёбии давлатдории мо дар ин марҳила маҳз аз таъмини пайванд ва тавозуни аслҳои ҳаётие чун ҳифзи дастовардҳои усулии марҳилаи эҳё ва барқарории давлатдории миллӣ(1) ва ҳалли масъалаҳои бунёдии марҳилаи рушди устувори кишвар(2) иборат мебошад. Пас, имрӯз идомаи муваффақи роҳи рушди давлатдории мо дар гарави «чор таъмин», яъне таъмини устувории ояндаи низоми сиёсӣ(1), таъмини мудовимати солими наслҳои сиёсӣ(2), таъмини идомаёбии солими мактаби давлатдории миллӣ(3) ва таъмини рушди устувори кишвар(4) қарор дорад. Маҳз чунин раванду пайванди боэътимод сатҳи чолишҳо ва таҳдидҳои сохтории дохилӣ ва хориҷӣ ба низоми сиёсиро коҳиш дода, барои таъмини ояндаи қобили пешбинии раванди сиёсӣ ва рушди устувори кишвар дар марҳилаи навин заминаи пойдор фароҳам месозад.


       Аз дидгоҳи давлатмеҳвару ниҳодгаро, маҳз дастовардҳои зикршуд хулосаи назариявӣва таҷрибии комёбиҳои ҳудуди се даҳсолаи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти давлатӣ буда, бояд ҳамчун муҳимтарин дастоварди миллию таърихии мо дар ин марҳила ба таври дуруст дарк, арзёбӣ ва қадрдонӣ шаванд. Аз ин рӯ, меъёри асосии комёб будан ё комёб набудани кишвари мо дар масири сисолаи истиқлолияти худ маҳз ба даст омадани ҳамин нишондиҳандаҳои бунёдӣ мебошад. Маҳз ҳамин гуна нигоҳи ҷомеи миллӣ, таърихӣ ва давлатмеҳвар метавонад моро ба дарки аҳаммияти чунин дастоварди азим қодир гардонад ва нишон диҳад, ки новобаста аз масъалаҳои арзишию иҷтимоӣ, ин се даҳсолаи истиқлолият ҳаргиз холӣ ва бенатиҷа набудаанд, балки моҳияти бунёдӣ ва сарнавиштсоз доштанд.

      Аммо тавре зикр шуд, таҷриба нишон медиҳад, ки имрӯз чунин дарки васеи ниҳодгаро ва давлатдоронаи дастовардҳои даврони истиқлолият на барои ҳамагон муяссар буда, набуди чунин дарк боис мешавад, ки фард ё корманд нисбату муносибати худро бо давлат ва низоми идорию сиёсии кишвар на дар омили арзишию давлатдорию ватандорӣ, балки дар омилҳои басе ҷузъиву фардию субъективӣ бинад. Бо вуҷуди гоҳо мушоҳида шудани чунин муносибат, арзиши ин дастовардҳои бузурги миллию таърихии давлатдорӣ ҳаргиз коҳиш намеёбанд.

     Дар бораи нақдҳои бештар сиёсишудаи баъзе мунаққидони дидгоҳи ниҳодгарои давлатмеҳвар бояд гуфт, ки барои дарку ҳимояти ин арзишҳои бунёдӣ ва дастовардҳои меҳварии давлатдории миллӣ тааллуқ ба ҳукумат ё доштани мансабу кори идорӣ дар низоми сиёсии давлатӣ шарт нест. Зеро ин арзишу мафҳумҳо басе фаротар аз чунин ҳолатҳои фардию иҷтимоии шаҳрванд буда, новобаста аз «хуб» ё «бад» будани ҳукумат ё вазъият, онҳо ҳамчун арзиши олӣ боқӣ мемонанд.

        Ҳамчунин, агар дар чунин равиш ва чунин раванд ҷойе аз шахс ё сиёсате ҷонибдорӣ шавад, он на ҳамчун шахс ё мавқеъ, балки маҳз ҳамчун бахше ё рамзе аз ҳамин арзишҳои бунёдии давлатдорӣ ва давлатсозӣ ё ҳимоятгару хидматгузори ин арзишҳо арзёбӣ мегардад. Бо ин мантиқ, ҷонибдории устувори мо аз низоми имрӯзаи сиёсӣ ва роҳбарияти феълии кишвар маҳз ҳамчун ҷонибдорӣ аз нақши он дар раванди таърихии давлатсозӣ, касби дастоврадҳои зикршудаи ин марҳила ва ташаккули маҷмуаи арзишҳои бунёдии давлатдорӣ мебошад. Ва бо ҳамин мантиқ, мухолифати мо бо мавқеи баъзе мухолифандешони сиёсӣ низ на маҳзи мухолифат бо шахс ё гурӯҳи онон, балки мухолифат бо таҳдидофарии андеша ё фаъолияти эшон бар ҳамин маҷмуи арзишҳо ва дастовардҳои бунёдии давлатдорӣ мебошад.


       Ҳамин тавр, натиҷаи ин таҳлили ниҳодгаро ва паёми марказии ин биниши давлатмеҳвар дар боби дастоврадҳои се даҳсолаи истиқлоли давлатии Тоҷикистон бисёр возеҳ ва рӯшан аст: бо касби истиқлоли сиёсӣ мо соҳиби давлати миллии худ гаштем(1), ки он бузургтарин дастоварди таърихи муосири халқи тоҷик аст(2); ҳадафҳои олии давлатдории мо маҳз расидан ба эҳёи миллӣ(3), эҷоди мардумсолорӣ(3) ва таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон(4) аст, ки бо ҳама душвориҳо сӯи он дар ҳаракат мебошем(5). Дар ин масир вазифаи аввалиндараҷаи давлати мо маҳз ташаккули ниҳоии бунёдҳои назариявӣ(6) ва маҷмуаи арзишҳои усулии давлатдории миллӣ(7) ва низ, таҳкими амалӣ ва ниҳоии ниҳоди давлат(8), ниҳодина намудани суботу амният(9) ва фароҳамсозии муҳити воҳиди арзишию шаҳрвандӣ (10) будааст, ки то имрӯз ҳалли муносиби худро пайдо карда, барои татбиқи комили ғояву арзишҳои олии давлату миллат заминаи муносибро фароҳам сохтаанд. То ин лаҳза мо низоми муносиби сохторӣ(11), модели дурусти арзишӣ(12) ва масири дурусти ҳаракати давлатро(13) интихоб карда, ба самти татбиқу такмили он дар талош ҳастем ва бояд дарёбем, ки дар ин раванд арзишҳои усулие чун давлат, миллат, ваҳдат, субот, амният, низоми устувори сиёсӣ ва ҳамбастагии миллӣ(14) бар ҳамаи тарҳу ормону ҳизбу ақидаю манфиатҳо(15) бартарӣ дошта, аз ҳамаи мушкилоту эътирозу ихтилофҳо(16) болотар қарор доранд. Дар чунин марҳила танҳо ҳифзи давлати устувор(17) ва суботи пойдор(18) имкон медиҳад, ки мо бақои давлатӣва миллии худро таъмин намуда(19), заминаи татбиқи арзишҳои олии миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсонии худро фароҳам созем(20).

       Ҳамин тавр, дар ин ҳаракати такомулии таърихӣ давлати мо то имрӯз марҳилаи эҳё ва барқарории давлатдории миллиро сипарӣкарда(21), ба марҳилаи рушди устувори давлатдорӣ қадам ниҳодааст(22), ки он марҳилаи сифатан нави давлатдорӣ бо моҳияти инсонмеҳвар ва мамҷӯи вазифаю хусусиятҳои рушдовар мебошад. Аз назари арзёбии раванди таърихии рушди давлатдории миллӣ, имрӯз, дар оғози соли 30-юми истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо дар ҳамин марҳилаи давлатдорӣ ва дар ҳамин нуктаи рушду гузариши он қарор дорем. Дарки ин нукта имконият медиҳад, ки аҳаммияти роҳи тайшуда, муҳиммияти дастовардҳои бунёдии ҳосилшуда ва ҳассосияти марҳилаи таърихии фарорасида ба дурустӣ арзёбӣ шаван

 146 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 140 ,