СИМОИ ИСТАРАВШАН

Аз санг лаъл созад устои Истаравшан,

Яъне, ки рӯшноист фардои Истаравшан.

Ҳар фард як такопу, ҳар чашм як тарозу,

Пайкору корзор аст симои Истаравшан.

Нақши гули пиёла чандинҳазорсола,

Рими қадим пӯшад дебои Истаравшан.

Бар лашкари Сикандар оташ кушод ҳар дар,

Афшини Суғд бошад бобои Истаравшан.

Шаҳри хирадгаройӣ, аз аҳди мумиёӣ,

Мулки Ҳазоршаҳр аст таҳҷои Истаравшан.

Гулгашти шоиронаш ҳеҷ интиҳо надорад,

Дарёи фазл бошад дарёи Истаравшан.

Аз файзи меҳмонаш ё сӯзи ошиқонаш,

Дуди кабоб дорад шабҳои Истаравшан.

Сарви равон наояд ҳампои нозанинаш,

Болотар аз сухан буд зебои Истаравшан.

Як шаҳр ошнойӣ, як шаҳ рӯшнойӣ,

Як шаҳр офтоб аст маънои Истаравшан.

 141 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 130 ,