Қиёмиддит Сатторӣ: “ДИДГОҲИ ДАВЛАТМЕҲВАР”- КИТОБИ АРЗИШМАНД!

    Дар арафи таҷлили Наврӯз рӯйнамоии китоби нави сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо таҳти унвони”Дидгоҳи давлатмеҳвар” баргузор гардид.

         Асари мазкур аз навиштаҳои фикрию таҳлилии муаллиф буда, яке аз муҳимтарин назарияҳои сиёсии ӯ–дидгоҳи давлатмеҳварро шарҳу баён мекунад. дидгоҳе, ки ҳадафи асосии он таҳкими давлатдории миллӣ, ташаккули андешаи давлатдорона ва устувории Ваҳдати миллӣ мебошад. Китоб ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, ҳамчунин, маҷмӯи диду мавқеи ӯро дар як силсила масъалаҳои фикрӣ, миллӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятӣ дар бар мегирад. Дар арзёбии арзиши он зикри ҳамин нукта кофист, ки як шахсияти илмию фарҳангӣ ва милливу сиёсии кишвар мавқеи возеҳу санҷидаи худро дар бораи маҷмӯи масоили меҳварии ҷомеа эълон медорад ва барои аҳли фарҳангу андеша ва сиёсати мо чунин як намунаи мусбати соҳиби мавқеъ буданро мегузорад. Умед дорем, ки рисола китоби дӯстдоштаи ҳар тоҷики ватандӯсту баномус, хосса раҳравони роҳи илму маърифат ва сиёсат, хоҳад шуд.

 67 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 67 ,