ДӮСТ ДОР ЗИСТАН

Паём дардро бузург мекунад,
Ва дард мардро бузург мекунад.

Раҳо шав аз набардҳои беҳадаф,
Ҳадаф набардро бузург мекунад.

Умеду эътимодро бузург дор,
Умед фардро бузург мекунад.

Чу зарра сӯйи офтоб роҳ гир,
Ки ишқ гардро бузург мекунад.

Бинозам аз бузургии раҳи вафо,
Ки раҳнавардро бузург мекунад…