Ба Шаҳритус насими баҳор меояд…

Рӯзе пеш аз Наврӯз дар ноҳияи Шаҳритус бо шоири номвар устод Озар маҳфили «ширу шакар» доштем. Вақти ба саҳна рафтан аз эшон пурсидам, ки дар бораи Шаҳритус шеъре ҳаст, ки барои мардум бихонем. Гуфт, шеъри Шаҳритусро акнун худи Шумо менависед…

Чун чунин ишорат аз Раиси конуни адибон ё малику-ш-шуарои минтақаи Хатлон содир шуд, баробари нишастан рӯи саҳна то шеърхонии Озару суруди мутрибон пушти як варақи нусхаи тиббӣ, ки дар ҷайб доштам, фавран ин шеърро навиштам.

Ва чун дар гармтарин ноҳияи кишвар борони нам-наму оғози баҳор буд ва ахиран номи таърихии он эҳё шуд ва базм бо Озар дар кохи фарҳанг мегузашт ва ҳунармандон низ маҳфиле некў ороста буданд, тибқи суннати деринаи бадоҳатгӯйӣ ин нуктаҳоро пеши рўй овардаву ба риштаи назм кашидам.

Толор ҳар банди ин шеъри гарму тарро бо кафкӯбию эҳсоси баланд истиқбол карду сипас даҳҳо нафар он дастхатро дар телефонҳои худ аксбардорӣ намуданд…

Албатта диёри Шаҳритус шоистаи нигоҳу осори басе ҷиддитар аз ин аст, аммо дар он лаҳза, чун сипос ба ин мардуми хуб, ҳамин шеъри содаву симимие дар васфи он гуфта шуд. Шеъри фаврӣ!

Садои кабки рав аз кӯҳсор меояд,
Навои замзамаи ҷӯйбор меояд,
Ба дашт лолаву савсан қатор меояд,
Навиди нав шудани рӯзгор меояд,
Ба Шаҳритус насими баҳор меояд.


Аз он, ки гармтарин ҷойи Тоҷикистон аст,
Ба чор фасл замину замон дурахшон аст,
Ба чор фасл ҳама офтоби тобон аст,
Ва гоҳ-гоҳ нами тор-тор меояд,
Ба Шаҳритус насими баҳор меояд!


Хушо, ки номи асилаш дубора эҳё шуд,
Хушо, ки гавҳари гумгашта боз пайдо шуд,
Хушо, ки зиндагии мардумаш гуворо шуд,
Тулӯи лаҳзаи деринтизор меояд,
Ба Шаҳритус насими баҳор меояд.


Ба як нигоҳ шудам ошиқи гули сангаш,
Фидои мутрибу овозу созу оҳангаш,
Ва Раҳнамо шуда меҳмони кохи фарҳангаш,


Ба базми Озари овозадор меояд,
Ба Шаҳритус насими баҳор меояд…

 9 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 1 ,

Пайгирӣ кунед

Facebook Youtube