Пирӯзии табиӣ, муборак бод!

Пешвои гиромии миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсии ӯ лаҳза ба лаҳза ва қадам ба қадам, дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи мардумии худро ба таври табиӣ дарёфтааст. Ӯ дар оғўши ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии мардум сабзида, ҳамчун порае аз пайкари халқ ба таври комилан табиӣ мавриди эътирофу эътибори мардуми худ қарор гирифтааст.

Шахсияти ӯ сохтаи расона ё маҳсули таблиғот нест, балки чеҳраи ў чеҳраи табиӣ, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ барои давлату миллат хидматҳои бунёдӣ мебошанд.

Акнун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари баркамол дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсию иқтисодию амниятии минтақавӣ ва байналмилалӣ Тоҷикистонро чун узви сарбаланди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо камоли салоҳият ва масъулият роҳбарӣ ва муаррифӣ менамояд.

Бо дар назардошти ҳассосияту осебпазириҳои марҳилаи барқарории давлатдории миллӣ ва печидагии фазои сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон, дар ҳақиқат, дар чунин даврони гузариши таърихӣ барои таъмини ҳастии давлатӣ ва бақои миллии мо ин мамлакат бояд чунин роҳбари кордидаву озмудае дошта бошад.

Аз ин рӯ, дар Тоҷикистони имрӯза ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон маънои васеътар аз ҷонибдорӣ аз як шахс ё номзадро гирифта, балки ҷонибдорӣ аз ӯ ба маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, аз истиқлолияти сиёсӣ ва фикрии миллат, аз низоми давлатдорӣ, аз суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад. Ин аст сирри пирӯзии мутлақ ва табиии ӯ.

 320 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 304 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.